Соли 2016 ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 7832 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд, аз онҳо 397 нафар хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон 1512 нусха адабиёт ба хона барои истифодаи муваққатӣ дода шуд. Бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо 120 нусха адабиёт ба вилояти Суғд, 164 нусха ба вилояти Хатлон, 84 нусха ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва 750 нусха ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол шуд.
Дар ин давра аз ҷониби шуъбаи абонемети байни китобхонаҳо мизи мудаввар бо иштироки унвонҷўён ва олимони ҷавон дар мавзўи «Ҷанбаҳои байналмилалии ҷаҳонишавии Наврўз», семинари илмӣ-таълимӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Нури Ваҳдат” ва ҳамоиши илмӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони “Китоб рукни тамадунҳои миллӣ” гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 250 нафар иштирок карданд.
Дар шуъба бахшида ба мавзўъҳои «Сарбози Ватан», «Накҳати Наврўзи 2016», “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат” ва “Истиқлолият - бахти миллат” намоишҳои китобҳои тозанашр баргузор гардид.