Комилтарин ва ҷадидтарин асари библиографӣ аз ҷониби корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Меҳроҷ Комилов таҳия ва чоп шуд.
Асари библиографии ҷадид, ки феҳристи адабиёт доир ба фаъолият ва дастовардҳои китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолро дар бар мегирад, зери унвони «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол» дар матбааи «Аржанг» ба нашр расид. Таҳиякунандаи асари мазкур мутахассиси ҷавону умедбахши соҳаи китобдорӣ Меҳроҷ Комилов, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Ҳадафи асосии феҳристи мазкур ин ҷамъовариву батанзимдарорӣ, муаррифӣ ва тарғиби дарстовардҳову натиҷаҳои фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар тўлӣ 25 сол аст. Чуноне ки мундариҷаи асар маълумот медиҳад, феҳрист аз пешгуфтор ва фаслҳои зерин иборат мебошад.
- Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти китобдорӣ;
- Осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти китобдорӣ;
- Барнома, дарснома ва дастурҳои таълимӣ доир ба соҳаи китобдорӣ;
- Асарҳои илмӣ ва методӣ доир ба соҳаи китобдорӣ;
- Китобномаҳои шарҳиҳолӣ доир ба фаъолияти олимон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ;
- Паёмномаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.
Асари библиографӣ дар худ 1382 рўйхати тасвирӣ, осори чопӣ ва электронии адабиётро фаро гирифта, мавод дар фаслҳо ба забони асл тибқи стандарти маъмул тасвир шудаанд.
Ҷобаҷогузории адабиёт дар феҳрист тибқи замони чопи асарҳо оварда шуда (хронологӣ), дар дохили онҳо бо тартиби алифбоӣ пешниҳод мегарданд. Асарҳое, ки бо пешниҳод гардидани сарлавҳаашон дарки мазмунашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин барои осон кардани кори пажуҳишии хонанда дар охири асар, кўмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос тартиб дода шудааст, ки яке аз талаботҳои низоми таҳияи дастурҳои библиографӣ ва дастгоҳи маълумотдиҳии нашр мебошад.
Бори аввал аст, ки чунин як феҳристи адабиёт доир ба фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлолият, дар асоси захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) – Хонаи китоби Тоҷикистон ва вебсайтҳои Интернет таҳия мешавад. Роҷеъ ба таъини хонандагӣ ва мақсаднокии асари мазкур, мураттиб дар пешгуфтор чунин ишора менамояд:
«Феҳрист барои бештару хубтар ошноӣ пайдо кардани муҳаққиқону мутахассисони соҳа ва донишҷўёну омўзгорон бо адабиёти марбут ба фаъолияти китобхонаҳо кўмак хоҳад расонд».
Сайзароб Надиров, корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон