Моҳи ноябр 1086 нафар дар толори кӯдакон китоб хондаанд
Нашр шуд 2016-12-15 14:41
Зарфи як моҳи охир теъдоди воридшавандагон ба толори кӯдакони Китобхонаи миллӣ ба 1086 нафар расидааст.
Бахши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобҳои ҷолибу бозиҳои шавқовари худ таваҷҷуҳи атфолро бештар ба худ мекашад ва ин боис гаштааст, ки сафи хонандагонаш низ ҳамвора афзояд.
Дар замоне, ки атфол саргарми дарсҳо дар мактабҳои худанд, теъдоди воридшавандагон ҳамарӯза аз 60 то 90 нафарро ташкил мекунад. Аммо рӯзҳои таътил ин теъдод меафзояд.
Моҳи ноябри соли равон тибқи ҳисоби дақиқ ба толори хониши кӯдакон 1086 нафар ворид шудаанд.
Ин толор танҳо толори хониш нест. Дар он ҳар гуна маҳфилҳо бо ширкати чеҳраҳои маъруфи адабиёт ва фарҳанг, ҳунармандон баргузор мешавад. Маҳфили ҳамешагии “Дастони моҳир” хонандагони ҳунармандро ҷалб мекунад ва дар ҳам маҳфил дар як мавзуъи мушаххас онҳо ҳунари худро месанҷанд.
Дар ин толор хеле чорабиниҳое баргузор мегарданд, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ сабт ва намоиш дода мешаванд
Фонди умумии бахши кӯдакону наврасон 1546 ададро ташкил медиҳад ва дар он китобу маҷаллаҳо бо забонҳои тоҷикӣ (665 адад), русӣ (505 адад), инглисӣ (183 адад) мавҷуданд. Ҳамчунин хонандагон имкон доранд дар толор аз 192 маҷалла дилхоҳи худро бигиранд ва мутолиа намоянд.
Зарфи як моҳи охир ба шуъбаи 170 китоби нав ворид шудааст. Аз ҷумлаи ин китобҳо “Мунтахаби осор”,- и Убайди Зоконӣ, “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Рубоиёт”- и Умари Хайём, панду андарзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Олуча гули бодом”-и Убайди Зоконӣ, “Харгӯшак”-и Гулниссо Ризвоншоева, “Баррача”-и Холбегим Давлатова, “Рӯд ва қатра”-и Нозирҷон Боҳирӣ мебошанд.