Дуюмин рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент рӯзи “Дарҳои боз” идома дорад.
“Дарҳои боз” чорабинии анъанавист, ки ҳар сари чанд вақт баргузор мешавад ва ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба китоб ва Китобхона мебошад.
Сар аз субҳи дирӯз, 15-уми ноябр садҳо нафар аз ҷумлаи донишҷӯён, хонандагони мактабҳои миёна, устодони донишгоҳҳову дигар муассисаҳои таълимӣ ва дигар сокинони пойтахт ва меҳмонони он вориди толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ шуданд ва таҳти раҳнамоии кормандони китобхона бо шароити он, низоми кор ва нишастухез дар толорҳо ошно шуданд.
Ба хоҳишмандон аз таърихи китобу китобхона дар кишвар нақл карданд, онҳоро ташвиқ намуданд, ки вақти холии худро дар Китобхонаи миллӣ гузаронанд.
Тибқи иттилои пешакӣ зарфи ин ду рӯз бештар аз 2400 нафар ба Китобхона омаданд.
Дар зер расмҳои Хусрави Милод аз диду боздидҳо аз Китобхонаи миллӣ пешкаш мешавад.