Дониш талабу бузургӣ омўз…
Нашр шуд 2016-10-27 14:56
Мулоқоти навбатии кормандони Китобхонаи миллӣ дар доираи барномаи даъват ба китоб ва китобхонӣ бо донишомӯзони Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Русия ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзод баргузор шуд. Дар ин мулоқот кормандони шуъбаҳои маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқи ва маркази такмили ихтисос ширкат карданд.
Чун анъана кормандони китобхона ба ширкаткунандагони мулоқот дар бораи таърихи китобу китобдорӣ ва китобшиносиву китобхонаҳо, қадру манзалатаи илму дониш сухан намуданд.
Донишҷўёни Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Русия ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба кормандони Китобхона дар бораи шоирони классику муосир суҳбати озод намуданд.
Донишҷӯён гуфтанд, ки маъмулан ин гуна дидору мулоқотҳо барояшон як ҷаҳон фараҳу шодӣ меорад, чун суҳбатҳо атрофи кутобу ҳикмаданд. Ҳарҷо ҳарфи китоб бошаду ҳарфи ҳикмат, он ҷо дониш ҳаст. Ва ҳадаф аз донишҷӯӣ омӯзиши илм аст.
Кормандони китобхона хеле ботафсил дар бораи имкониятҳои Китобхонаи миллӣ ва теъдоди китобҳову толорҳои хониш, китобҳои электронӣ ва хизматрасониҳои гуногун, ҳамчунин мавҷудияти дарсҳои омӯзишии забонҳо маълумот доданд.
Дар поёни мулоқот чун ҳамеша барои ширкаткунандагон варақаҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ тақсим карда шуданд.