Идибек Муродов аз фаъолтарин хонандагони толори хониши Шуъбаи хизматрасонии махсус аст. Ин Шуъба бештар ба касоне хизмат мерасонад, ки дорои имкониятҳои маҳдуданд. Ва Идибек Муродов миёни ҳамаи муштариёни ин шуъба аз беҳтаринҳост. Вай дар ҳамаи чорабиниҳо ширкат мекунад, дониши хуб дорад, соҳиби маълумоти олист ва метавон гуфт аз ҷумлаи шахсони ҷаҳонгардест.
Бо вуҷуди иллати модарзодии биноӣ доштан, вай тавонист худро соҳиби маълумоти олӣ кунад, таҳсилашро дар зинаҳои мухталиф идома диҳад ва ба комёбиҳо даст ёбад.
Идибек Муродов рӯзи 23-юми марти соли 1993 дар деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор бо бемории модарзодии чашм ба дунё омад. Баъд аз хатми Мактаб-Интернати ҷумҳуриявии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи Давлатии Забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ба факултаи забонҳои романӣ-олмонӣ, шуъбаи забони инглисӣ (омӯзгор) супорид. Хушбахтона, аз имтиҳоноти қабул бо холи баланд гузашта, таҳсилро дар ҳамон ҷо идома дод. Сарбаландона зинаи бакалаври таҳсилро ҳам соли гузашта хатм кард ва ҳоло дар зинаи магистратураи ҳамин донишкада таҳсил мекунад.
Аз 15-уми январи соли 2014 фаъолияти кории худро ҳамчун ассистент аз Иттиҳодияи Миллии нобиноёни Тоҷикистон дар лоиҳаи “Пурзӯр намудани иқтидор ва ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият” дар ташкилоти байналхалқии Handicap International шурӯъ кард. Дар он лоиҳа то андозае, ки метавонист худро хело хуб нишон дода, дар чандин семинару омӯзишҳо (тренингҳо) иштирок ва суханронӣ намуд.
31-уми марти соли 2015 шартномаи ӯ бо ин ташкилот ба охир расид ва аз моҳи августи ҳамон сол инҷониб дар Мактаб-Интернати Ҷумҳуриявии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор ба ҳайси омӯзгори забони инглисӣ кор мекунад. Дар баробари ин,аз моҳи ноябри соли гузашта то инҷониб дар вақтҳои холигиаш дар лоиҳаи “Маводҳои саломатӣ барои шахсони дорои маҳдудияти биноидошта” низ фаъолият мекунад.
Онҳо дар оила 7 нафаранд. Падару модар, ду бародару хоҳар ва худи ӯ. Падару модар, як бародар, хоҳар ва ӯ иллати маҳдудияти биноии чашм доранд. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот ҳамаи фарзандон дорои маълумоти олианд.
Моҳи марти соли ҷорӣ аз як дӯсташ дархостро барои омӯзиши дуҳафтаина дар мавзӯи “Тағйироти ҷаҳонӣ барои ҷавонони маъюби Осиё ва уқёнуси Ором” дар Куриёи Ҷанубӣ дарёфт кард ва ба саволҳояш ҷавобҳои хешро навишта ирсол намуд. Хушбахтона, онҳо ӯро ҳамчун иштирокчӣ дар тренингашон қабул карда ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро барои сафар ирсол карданд.
Ин тренинг аз 3-юм то 16-уми июли соли ҷорӣ идома дошт. Ногуфта намонад, ки ин барнома аз тарафи Ҷамъияти Куриёии Тавонбахшӣ барои шахсони дорои маҳдудият (KSRPD), Кумитаи молиявии Шинҳам ва бо дастгирии молиявии Кумитаи Сандуқи Куриё, Вазорати Тандурустӣ ва Беҳдоштӣ рӯи кор омадааст. Дар тренинги мазкур 10 нафар ҷавони дорои маҳдудият аз Тоҷикистон, Покистон, Ҳинд, Муғулистон, Бангладеш, Филиппин, Индонезия, Малайзия, Ветнам ва Тайланд ва 7 ҷавони дигар аз Куриё иштирок карданд. Дари ин трениг дастрасӣ ба донистаниҳо барои ҷавонони дорои маҳдудият хело зиёд буд. Ҳамаи ҷойе, ки сафар мекарданд, аз он бардоштҳое барои оянда доштанд. Шахси дорои маҳдудият метавонад ба ҳама ҷои шаҳри Сеул-пойтахти Куриё сафар кунад ва ба ҳар идораю биноҳо, роҳраву истгоҳҳо ва дигар ҷойҳои зарурӣ равад.
Идибек мегӯяд, “Барои ман ин омӯзиш, ки аввалин маротиба дар хориҷ аз кишвар ва бо забони хориҷӣ сурат гирифта буд хело хотирмон мебошад. Дар онҷо ман савияи дониши худамро доир ба масъалаҳои маъюбӣ хело зиёд кардам. Умедворам ва кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар дигар барномаҳои омӯзишии дохилӣ ва хориҷ аз кишвар иштироки фаъолона дошта бошам. Набояд ба мушкилиҳое, ки пешорӯи мост диққат дод, балки ба
Пешравиҳое, ки мо метавонем ноил шудан, бовар дошт ва ҳаракат бояд кард”.