Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз зумраи марказҳои хизматрасонии осори чопӣ ва электронӣ буда, ҳамчунин вазифаи гирдоварӣ, нигоҳдорӣ ва тарғиби иттилоотро ба зимма дорад. Дар сохторҳои китобхонаҳо асосан фонди депозитариро барои нигоҳдории асарҳои кам истифодашаванда, асарҳои нодири қимати илмӣ дошта ва нусхаҳои зиёдатии асарҳо ташкил мекунанд.
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ 1-уми январи соли 1977 дар собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ ташкил шудааст. Соли 2012 Китобхона бо бинои нав таъмин гашта, «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» унвон гирифт. Дар бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ аз нав бо шароити хуби замонавии хизматрасониву нигоҳдорӣ таъмин гардид.
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, дар самти хадамоти китобдорӣ фаъолияти шуъба бар он нигаронида шудааст пеш аз ҳама ҳифзу нигоҳдории асарҳои нодир, яъне камёфт ва иҷрои дархостҳои хонандагон мебошад.
Айни замон шуъба бо фонди умуии 33,040 нусха адабиёт фаъолият дорад, ки аз ин ҳисоб танҳо 10,296 нусха бо забони тоҷикӣ ва боқимонда бо забони русӣ мебошанд. Фонди шуъба тавассути феҳристи умумии китобхона ва феҳристи алифбоиву рақамии шуъба ба хонандагон муаррифӣ мегардад.
Дар шуъба асарҳои аз солҳои 1700-ум то соли 2015 нашршуда ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Бояд қайд кард, ки таркиби фонди шуъба аз маводи шакли чопӣ китобу маҷалаҳо ва варақаҳои изографӣ (мусаввараҳо) иборат аст. Аз ҷиҳати мазмун асарҳое мебошанд, ки камистифодаанд, вале қиммати баланди илмӣ доранд. Ба монанди натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (экспидитсияҳо), асарҳои олимони ҷаҳон, нашриҳои маълумотдиҳанда (энсиклопедияҳо, луғатҳо, фарҳангҳо) ва ғайра, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, бо ҳуруфотӣ лотинӣ ва крилӣ нашр гардидаанд. Асарҳо дар фонди шуъба бо тартиби рақамӣ (рақами инвентарӣ) ҷо ба ҷо шудаанд.
Китобҳое, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯи андоза ҷудо мешаванд, аз асарҳои калонҳаҷм ва асарҳои хурдҳаҷм иборат мебошанд. Онҳо ҳамчун асарҳои нодир ба шумор рафта, дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Имрўз бо пешрафти илму техника ва талаботи муосир ҳар як соҳаҳои хизматрасонӣ дар мамлакат аз ҷумла, хизматрасонӣ дар соҳаи китобдорӣ бояд ба талаботи муроҷиаткунандагон мувофиқ гардонида шаванд.
Дар рафти фаъолият баҳри беҳтар гардонидани раванди хизматрасонӣ ба хонандагон феҳристи шуъба ба тариқи электронӣ ҷорӣ гардонида шудааст, ки ин боиси пешрафти раванди иттилооткунонии кори шуъба ва сарфаи вақти хонандагон, саҳми босазо мегузорад.
Баҳри ҳифзу нигаҳдории фонд як қатор асарҳо ба шакли электронӣ баргардонида шудаанд. Дар аввали соли хониш ташрифи хонандагон ба шуъба зиёд шуда истодааст ва кормандони шуъба барои дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба хонандагон ҳамеша омода ҳастанд.
Наврузи Қурбониён,
мутахассиси шуъбаи нигаҳдории