Бузургтарин намоиши дастовардҳои Истиқлолият ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар саҳни Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад ва дар он кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо намоиши китоб ҳузур пайдо мекунанд. Ҳадаф ҷалби мардум ба мутолиаи китоб мебошад.
Аввалин намоиш рӯзи 6-уми август доир шуд ва намоиши дуюм рӯзи 13-уми август. Пагоҳ, яъне 20-уми август он такрор мешавад.
Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 50 корхонаву муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт аз он дидан намуданд.
Сокинони пойтахт ба намоиши китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз фаъолияти имрўзаи Китобхона ва қоидаҳои вуруд ба китобхонаву фармоиши китоб пурсон шуданд.
Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ шароиту имконияти донишандўзӣ ва афзалиятҳои аъзошавӣ ба Китобхонаи миллиро ба шаҳрвандон фаҳмонида, онҳоро ба китобу китобхонӣ даъват карданд. Барои тарғибу ташвиқи Китобхона буклетҳо тақсим карда шуд.
Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ то Рўзи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҳар бегоҳии шанбе баргузор мешавад.