Нахустасари экспедитсионии этнографӣ дар Тоҷикистон
Нашр шуд 2016-06-21 10:38
Соли 1927 филиали Академияи фанҳои Шўравӣ дар шаҳри Тошканд «Ҷамъият доир ба омўзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронинажод берун аз сарҳади он» асареро бо номи «Дар бораи Тоҷикистон» (По Таджикистану) аз чоп баровард. Муаллифи асари мазкур Андреев Михаил Степанович мебошад, ки дар он реҷеъ ба экспедитсияи этнографии Тоҷикистон дар соли 1925 нақл мекунад. Ин асар бо забони русӣ буда, ҳамчун ҳисобот ё худ натиҷагирӣ аз корҳои экспедитсияи этнографии Тоҷикистон дар соли 1925 интишор ёфтааст.
Дар мундариҷаи асар мақолаҳои М.С.Андреев, М.Е.Массон, Е.М.Пешерева оварда шуда, дар аввал ҳисоботи мухтасари роҳбари гуруҳи экспедитсионӣ М.С.Андреев дар бораи чигуна сурат гирифтани экспедитсия ва кадом минтақаҳои Тоҷикистон зери омўзиш қарор дода шудаанд, нақл мекунад.
Ба таваҷҷуҳи хонандагон,
татқиқотчиён, унвонҷўёни
соҳа расонида мешавад,
ки китоби мазкур ҳамагӣ
350 нусха нашр шуда, айни
замон танҳо се нусха аз он
дар фонди Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии Китобхонаи миллии
Тоҷикистон зери рақамҳои 27159,
292446 ва 227468 нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар мақолаҳои баъдина доир ба санъати амалии тоҷикон истифодаи чўб, ҳайкалҳои чўбин, истифодаи чўб дар ороиши манзил, тарзи зисту зиндагӣ ва анъанаҳои қадимаи тоҷиконро ба монанди либоспўшии занони тоҷик, хўрокҳои миллӣ, коркарду захираи шир ва омода намудани маҳсулотҳои ширӣ, маросимҳои динӣ аз қабили мушкилкушо, бибисешанбе ва ғайра маълумотҳо оварда шудааст. Муаллиф дар интиҳои китоб доир ба ривоятҳои мифологии тоҷикон маълумоти чолибе овардааст, ки чигунагии эътиқодоти мардуми тоҷикро доир ба афсонаю устураҳо равшан менамояд. Яке аз вижагии ин асар дар он аст, ки доир ба ҳар як мазўъ аксҳо оварда шудаанд, ки маълумотҳоро дақиқ намуда, хонандаро бо саҳифаи таърихи тоҷикон ошно месозад.
Асарҳои экспедитсионӣ ҳамчун ҳисоботи илмӣ, нашр мегарданд. Иттилооти дар ин асарҳо интишоршуда дар лабараторияи илмӣ мавриди омўзиш қорор гирифта, дар амалия татбиқ гаштаанд, ки барои тадқиқотчиён ва ихлосмандон ҳамчун сарчашмаи боэътимоди илмӣ метавонанд мавриди истифода қарор гиранд. Тадқиқотҳои илмии этнографӣ доир ба тоҷикон дар Тоҷикистон баъди ғалабаи Инқилоби Сотсиалистии Октябр оғоз ёфта башад ҳам, аммо қаблан дар асарҳои мутафаккирон ва адибони тоҷик Абубакри Наршахи «Таърихи Бухоро», Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома», Носири Хусрав «Сафарнома», Умари Хаём «Наврўзнома», «Ёдоштҳо»-и Садриддин Айнӣ ва дигарон маълумотҳои этнографӣ доир ба маданияти моддӣ иқоматгоҳ, сару либос, хўрок, муносибатҳои оилавӣ, урфу одат, идҳои халқӣ (Меҳргон, Сада, Наврўз) ва ғайра хеле зиёд дода шудааст.
Ба таваҷҷуҳи хонандагон, татқиқотчиён, унвонҷўёни соҳа расонида мешавад, ки китоби мазкур ҳамагӣ 350 нусха нашр шуда, айни замон танҳо се нусха аз он дар фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери рақамҳои 27159, 292446 ва 227468 нигоҳдорӣ мешаванд.
Олимону муҳаққиқон метавонанд барои ошнои пайдо кардан бо ин асар ва ё истифода дар корҳои илмиашон ба Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Сайзароб Надиров, мутахассиси
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ