Дар охирин рӯзи моҳи май, баъд аз зуҳр дар як фазои озоду кушод маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Маҳфиле, ки барои ҳамагон ошност. Маҳфиле, ки солҳост бо талошҳои фазояндаи шоири маъруфи кишвар Хайрандеш ҳамвора баргузор мешавад.
Ин маҳфил як маҳфили шеъру тарона аст, ки бо ширкати васеъи мардум баргузор мешавад. Хайрандеш барои маҳфил ҳамеша макону замони муносиберо интихоб мекунад ва аъзои ин маҳфил на танҳо сокинони пойтахт, балки навоҳии атроф ва ҳатто вилояти Хатлон мебошанд.
Дар ин маҳфил шеър таҳлил мешавад, чун аксари касоне меоянд, навшогирдонанд. Онҳо шеър мехонанд ва аъзои маҳфил он шеърро арзёбӣ мекунанд, камбуиҳои онро мегӯянд, аз муваффақиятҳои нависандааш ситоиш мекунанд.
Дар фурсатҳои наздик талош хоҳем кард аз навиштаҳои аъзои маҳфил намунаҳо дар саҳифаҳои сомонаи худ бикорем. Аммо ҳоло шуморо даъват мекунем ба чанд акс дида бидӯзед, то фазои маҳфил бароятон қобили дарк бошад.