Субҳи имрӯз, 13 -уми апрел, дар толори осорхонаи забони тоҷикии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ҷамъе аз донишмандон, аҳли адабу фарҳанг ҳамоиши илмии «Солонаи Айнӣ» баргузор шуд. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илм, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов маърӯзаи муфассале дар бораи устод Айнӣ, осори ӯ ва шахсияти ин донишманди беназир кард. Профессор Маҳмадаминов, ки умре Айниро таҳқиқ намудааст, аз ҷумла гуфт, агар осори боқимондаи устод Айнӣ аз бойгониҳои Федератсияи Русия аз ҷумла, Санкт Петербург, Бухоро, Самарқанд, Тошканд гирдоварӣ карда шаванд, як ганҷинаи бебаҳои мероси фарҳангӣ фароҳам меояд. Ба андешаи профессор Маҳмадаминов осори парешони Садриддин Айнӣ метавонад дар сурати ҷамъоварии комил беш аз 50 ҷилдро дар бар гирад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов дар мавзуъи «Садриддин Айнӣ ва забони адабӣ» суханронӣ намуд. Баҳриддин Камолиддинов зимнан ёдовар шуд, ки забони асарҳои устод Айнӣ як бахши ҳанӯз омӯхтанашудаи забоншиносии тоҷик аст. Дар ин ҳамоиш донишмандони тоҷик Сулаймон Анварӣ, Абдуғаффор Ҷўраев ва Олимҷон Қосимов низ андешаҳронӣ карданд. Қисмати дуюми ҳамоиш муаррифии барномаи «Ганҷвожа» -ро дар бар гирифт. «Ганҷвожа» бо ҳуруфоти форсӣ таҳия шуда, онро доктор Ҳасан Қарибӣ тартиб додааст, ки зиёда аз 6 миллион вожаҳои забони форсӣ - тоҷикиро дар бар мегирад. Барномаи мазкурро доктор Ҳасан Қарибӣ ба Китобхонаи миллӣ ҳадя намуд. Гуфтанист, ки ин барнома аслан барои пажўҳишгарони соҳаи забоншиносӣ буда, хоҳишмандон метавонанд онро аз осорхонаи забони тоҷикии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас ва мавриди истифода қарор диҳанд.