Муқаддимаи Камолшиносӣ
Нашр шуд 2016-03-29 22:14
Китоби мазкур дар таҳияи муҳаққиқони тоҷик Баҳром Раҳматов ва Идибек Шехимов соле пеш дар шаҳри Хуҷанд интишор ёфт.
«Муқаддимаи Камолшиносӣ» фарогири муҳимтарин аснод, маълумот ва таҳқиқот дар мавриди рўзгору ашъори Шайх Камоли Хуҷандист. Китоб барои ҳар нафаре, ки дар ҷодаи камолшиносӣ таҳқиқ анҷом медиҳад, манбае муҳим ва раҳнамое судманд мебошад.
Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз шуарои бузурги форс-тоҷик буда, дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушода аст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас , таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст.
Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Ал-кашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст.
Камол пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст.
Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонакоҳи Камол маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.
Шайх Камол ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.
Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд.
Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Шайх Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад:
Орифи ҳакшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигирифт.
То суханро сухан бурун афтод,
К-аз сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб бихуфт.