Барномаи фарҳангӣ-фароғатии телевизионии «Фурўғ» дар толори бахши кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ наворбардорӣ шуд. Дар ин барнома дар бораи асари пурмазмуну тарбиявии «Тобистон» - и нависандаи шинохта Пулод Толис сўҳбати хотирмоне баргузор гашт. Дар оғози барнома порчаи телевизионие аз лаҳзаҳои шиносоии каҳрамонҳои асари мазкур Ҳасан ва Қосимҷон намоиш дода шуд. Сипас, барандаи барномаи «Фурўғ» Умед Ҷумаев аз иштирокчиёни барнома, ки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи №94 ва Гимназияи президентии шаҳри Душанбе буданд, дар бораи лаҳзаҳои хотирмони асари «Тобистони»-и Пулод Толис пурсон шуд. Дар барнома хонандагон дар бораи омўхтани донишу савод, росткориву ростгўӣ, дустиву бародарӣ ва ҳурмату эҳтироми падару модар, ки мазмуни асосии асарро дар бар мегирад, фикру андешаҳои худро баён карданд.