Магар чизи дигаре пояндатар аз некӣ вуҷуд дорад?
Магар ҳамин некӣ нест, ки поядаву боқӣ ва ҷовидон мемонад?
Магар ин нест, ки бо як сухани хуш, бо як табассуми зебо, бо як туҳфаи камтарин дили ғамгирифтаеро шод кунӣ?
Оре, ҳамин аст, чизе беш аз ин нест.
Ва дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсус, ки умдатан ба шахсони маъюб ва афроди имкониятҳояшон маҳдуд хизмат мерасонад, Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил шуд. Ва ин чорабинӣ ҳамин гуна унвон дошт: “Некӣ бимонад ҷовидон...”
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода, ки дар ин чорабинӣ ҳузур ва суханронӣ кард, ҳамаи ширкаткунандагонро ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон муборакбод намуд ва гуфт Китобхона танҳо ҷойе нест, ки китоб хонанд, балки маҳфилҳое дорад, ки мардумро бо ҳар баҳона сарҷамъ мекунад.
Сайфиддин Назарзода ҳамчунин гуфт, ки дар ояндаи низ ба хотири хуш гузаштани вақт Китобхонаи миллӣ барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд силсилаи чорабиниҳои шавқоварро тарҳрезӣ кардааст.
Мутахассиси шуъба Малоҳат Мазориева монологи «Некӣ бимонад ҷовидон»-ро аз номи кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъбон қироат намуд.
Ҳамзамон аъзоёни маҳфили «Равшандилон»-и шуъбаи мазкур бо шеъру тарона хотири ҳозиринро шод намуданд.
Ба хонандагони фаъоли шуъба аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Дасти ёрӣ» маводи ғизоӣ тақдим ва дастурхони идона ороста шуд.