Сипосномаи Сафорати Украина ба Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2021-03-12 09:10
Сафаорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи миллиро барои саҳми назаррас дар таблиғи осору аҳволи адиби маъруф Тарас Григоревич Шевченко, ҳамчунин таҳкими дӯстӣ миёни китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Украина бо Сипоснома қадрдонӣ намуд. Онро рӯзе қабл мушовири Сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Семенов ба Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол тақдим намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки 25 – уми феврали соли равон дар толори фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – оммавӣ бахшида ба 150 – солагии гиромидошти нависанда, тарҷумон ва адиби шинохта, Леся Украинка доир гардид.
Дар чорабинии мазкур сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Олмон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорусия, намояндагон аз ташкилоти САҲА, аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил аз ҷумла, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ва корпусҳои дипломатӣ, намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилон аз Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар даромадгоҳи толор намоиши китоб бо 32 нусха китобҳо аз эҷодиёти Леся Украинка ташкил карда шуд. ҳамчунин дар ин нишаст 12 нусха китобҳои нависандаи украинӣ Леся Украинка аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ тақдим карда шуд.
Фарзонаи Мирзо