Амир Ислом, шоир ва табиби форс-тоҷики асри 16 мебошад. Аз авлоди Муҳаммади Ғаззолӣ. Дар Балх улуми мутадовилаи даврро омўхтааст. Аз илмҳои тиб ва ҳикмат огоҳии комил дошт. Назди бузургони давр, ҳокимони кишвар соҳиби обрўву эътибор буд.
Дар васфи яке аз ҳукмронон – Мирзо Алоуддавла қасидае, дар пайравии қасидаи Анварӣ, ки бо мисраи «Чун муроди хешро бо мулки вай кардам қиёс» шурўъ мешавад, нигошта буд. Байти зер аз қасидаи Ғаззолии Балхӣ аст:
Шоҳи пуриҷлолро бе мулки Вай набвад либос,
Мулки иҷлол аз ҷалоли Ў кунад маъд илтимос.
Ғазолии Марвазӣ
Ғазолии Марвазӣ шоири форс-тоҷики асри 12 мебошад. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Аз шоирони Хуросони замони Салҷуқиён будааст. Табъи латиф, ғазалҳои дилнишин доштааст. Аз девонаш иттилоъ нест. Ин ғазал аз ўст:
Ишқи ту маро балову шар дорад,
Дар ишқи ту ҷон куҷо хатар дорад,
Ҳаҷри ту ба куштани мани мискин,
Ҳар рўз баҳонае дигар дорад.
Аз суҳбати ту куҷо бипарҳезад,
Он кас, ки зи дарди ҷон хабар дорад.
Андар ғами ту Ғазолии ошиқ,
Ҳаққо, ки зи ҷон-т дўсттар дорад.
Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 26.
Муаллиф: М. Диловаров.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.