Доктор Шамсулҳаққи Ориёнфар дар бораи намоиши Нуриддини Ҷаронӣ “Ҳидоят”. Оғози наве дар театри Тоҷикистон
Театр дар Тоҷикистон аз мақом ва тавоноии баланде бархурдор аст. Тамоми лаҳзоти як намоиши театрӣ дар Тоҷикистон аз таҳарук ва пўёӣ аст, ба гунае, ки бинанда ҳаргиз наметавонад диққату таваҷҷўҳро баргирад ва ҳатто дар бисёре аз намоишҳо бинанда то поёни намоиш худро фаромўш мекунад. Дар канори ин театри Тоҷикистон аз он низ ҳувайдо мегардад, ки гоҳ-гоҳ намоишҳои майдониву бузургро, ки рўзгор ва ҳаёти як қаҳрамонро бо гунаи зинда тамсил менамояд, ба намоиш мегузорад, ба гунаи намоиши "Спитамон" ва ғайра. Ҳамин моя ва пояи баланд аст, ки ҳамеша шоҳиди пешрафти ҳунари театр дар Тоҷикистон ҳастем. Дар ҳамин раванд аст, ки дар ин авохир боз ҳам таҳаввули бузургеро дар театри Тоҷикстон мебинем ва он ироаи гунаи нав ва бошукўҳи намоишҳои ирфонӣ аст.
Намуди комил ва мактаби навини намоиши ирфониро мо дар намоиши "Ҳидоят" аз Театр-студияи "Тавҳид" шоҳид ҳастем. Намоишномаи "Ҳидоят" асарест манзум, тавассути коргардон ва шоири тоҷик Нуриддин Ҷаронӣ таълиф шуда, ба саҳна омадааст. Дар ин намоишнома Ҷаронӣ дидору мулоқоти ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамсиддин Муҳаммади Табрезиро ба намоиш кашидааст. Дар ҳамин ҷо бояд ёдовар шавем, ки таваҷҷўҳ ба ирфону маънавият, ки мавриди пазириши ҷомеъаи Тоҷикистон мебошад, қабл аз театри “Тавҳид” оғоз гардидааст. Мо шоҳиди ба рўи саҳна омадани намоишномаҳои “Шайх Санъон”, “Даҷҷол”, “Юсуфи гумгашта” будаем, ки тавассути ҳунармандони театри “Аҳорун” ба шеваи бисёр хубе ироа гардидааст. Бинобар ин чаро намоишномаи "Ҳидоят"-ро оғози нав дар театри тоҷик мехонем?
Дар табйин ва бозшиносии ин вижагӣ ба гунаи тамҳид бояд ёдовар шавем, ки Нуриддин Ҷаронӣ дар таълифи ин асар дар драматургӣ ва муҳтавою моябандии намоиш роҳи нарафтаро хостааст биравад ва аз дунболи корҳои мукаррар ҳаракат накардааст.
Аз ин коргардон то ба ҳол дар ҳудуди дувоздаҳ асар шояд ба саҳна омада бошад, ки аз он шумор аст намоишномаҳои: "Мазори ошиқон", "Ҳикмати себ", "Боз як достон", "Найеро к-аз ҷудоӣ шикоят дошт...", ва намоишномаи "Ҳидоят". Хусусияти кори Ҷаронӣ ва театри ирфонии ўро ба истиноди намоиши "Ҳидоят" мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳем ва тафовути онро бо дигар намоишномаҳои ирфонӣ бармешуморем:
1."Ҳидоят"–намоишномаи манзум аст ва таълифи як шоиру нависандаи муосири тоҷик, дар ҳоле ки дигар намоишҳои ирфонӣ бештар аз матни классикӣ истифода намудааст, ки бо як навъ маҳдудият рў ба рў будаанд.
2. Забони шоир бисёр пероста ва дур аз ҳар навъ хашу завоид (чизҳои зиёдатӣ) ва дар ниҳояти оростагии шаклу муҳтавост. Гузашта аз он, мояҳо ва ҷавҳари шоирона, ки як назмро ба шеър табдил мекунад, дар ин асар хеле қавист, то ҷое, ки мешавад ин асарро лиҳози шеърӣ мавриди арзёбӣ қарор дод. Шояд ин асар марҳалаи навине бошад дар шеъри тоҷик, ба гунаи ин абёт:
Зи ҳайрат фитна шуд бедор бин, эй нури чашмонам,
Чӣ ҷойи таъна шўришҳост дар даври дилу ҷонам.
Ба ранги нолаи тасбеҳ шаръам шеър мезояд,
Ҳама шеърам, ҳама шеърам, ҳама шеърам, кунун ҷонам.
Ё ин шеър, ки ҳолати шўри Мавлоноро мунъакис месозад:
Эй ишқи шириново,
Эй ошиқи ҷонафзо.
Чӣ ранги наво ин ҷо,
По сар шудаву сар по.
Дилро ба шакар шўстӣ,
Бўе расад аз ҳалво.
Занбўри наво моро,
З-ин рў бибарад боло.
Аз давлати бедорӣ,
Огаҳ шудаам, оваҳ,
Ин турфа, ки мебинӣ,
Машғул ба сад ғавғо.
3. Илқоҳи маънавӣ. "Ҳидоят" маънавияти азимеро интиқол медиҳад ва ироъа мекунад, бе он ки онро нақл кунад. Нуриддин Ҷаронӣ дар ин асар як бори дигар бархўрди Мавлоно ва Шамсро таҷриба мекунад. Умқи эҳсос ва танаввуъи ҳолоти отифӣ ва баёни гудозноку шўрангези офаринишгар нишон медиҳад, ки ирфонро дар хеш ҳазм намуда ва чашидааст. Дар ғайри он абёт аз чунин танину навою шўр бархўрдор намегардид ва маънавияти Мавлоно бо ин зебоӣ ироа намешуд:
Эй табиби ошиқон, хуш омадӣ, хуш омадӣ,
Эй давои дарду ҷон, хуш омадӣ, хуш омадӣ.
Гашта охир қомати сарвам камон вақти қиём,
Ҷониби қоматнавон, хуш омадӣ, хуш омадӣ.
Рафтиву ман мурда гаштам ҳамраҳи ин мурдагон,
Сўйи ман, эй зиндаҷон, хуш омадӣ, хуш омадӣ.
4. Пурмоягӣ. Намоиши "Ҳидоят" ва рамзҳои зарифи орифонаро бо тавоноӣ баён мекунад ва ин нишон медиҳад, ки муаллиф бо мутолиаи зиёди осори ирфонӣ ва дарку фаҳми амиқи осори Мавлоно ба ин поя расидааст.
5. Танзим ва ироаи ором ва ғайри маъмул. Пайванди шакл ва муҳтаво дар ин асар бисёр жарф ва органик аст. Ҳаракати персонажҳо мутобиқ ба муҳтавои асар созгории зебое дорад.
6. Нигоҳи имрўз ва ҳадафмандӣ. Ҷаронӣ дар офариниши бархўрди Шамс ва Мавлоно намехоҳад барои бинандаи имрўз саргармӣ эҷод кунад ва ўро ба тамошои як рўйдоди интизоъӣ ва муҷаррад дар ҳафсад сол пеш бибарад. Ў ҳадаф дорад, мехоҳад огаҳӣ ва бедориро илқо кунад. Асле, ки барои Инсон рисолат ва масъулият меофаринад. Илм бидуни огаҳӣ дар мавориде метавонад ғурурофарин ва гумроҳкунанда бошад, ҳамчуноне ки Мавлоно бо ҳама дониш худро дар залолат медонист ва донишманди имрўз низ дар набуди огаҳӣ метавонад дар хидмати ғайр бошаду мусамири самаре нагардад. Ҷаронӣ дар ин асар мехоҳад нишон диҳад, ки роҳи наҷоти имрўзиён низ дар огаҳӣ аст, ки бояд бо он ороста гарданд, ҳамчуноне ки Мавлоно аз Шамс ба он огаҳӣ расид.
7. Масъулиятпазирӣ ва кашидани бори мардум. Муаллиф чунин амал мекунад, ки як лаҳза эҳсоси масъулият дар баробари мардумро фаромўш намекунад. Аз ин ҷост, ки Мавлоноро интихоб мекунад ва бо ин сужа ба ҳамагон фарёд мезанад: "К-эй бехабарон роҳ на ин аст, на ин аст!" ва менамояд, ки роҳ кадом аст. Роҳе, ки Мавлоноро ба давлати ишқ мерасонад:
Мурда будам,зинда шудам, гиря будам, ханда шудам.
Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.
Партави ҷон ёфт дилам, вошуду бишкофт дилам,
Атласи нав ёфт дилам, душмани ин жанда шудам.
8. Гиреҳкушоӣ. Поёнаи намоиш низ гиреҳкушойи омўзанда ва гиройӣ дорад. Агар фарҷом рўшаниёбии Мавлоно ҳаяҷонангез ва истисноӣ аст, Нуриддин Ҷаронӣ бо сароиши абёти зебо, ки он дигаргуниро ба хубӣ мерасонад ва саҳнаороӣ ҳисоб шуда, кулбаи муҳаққари зоҳидонаи Мавлоноро ба киштии тўфанда табдил мекунад, ки бо амвоҷи дарёи ҳақиқат ба сўйи нокуҷоҳо шиновар аст ва қатраро ба дарё табдил мекунад. Мавлонои безор аз деву дад билохира Инсони комилро дармеёбад ва Нуриддин Ҷаронӣ он паёмро дар фарҷоми сухан хуб овардааст, ки солик аз ғаму гумроҳӣ наҷот меёбад ва Инсони комил мегардад:
Шодӣ, ки дида ин сон, к-омад ба асл инсон,
Аз деву дад чӣ монда, ғайри яке фасона?
Одам ба боғи олам чун гул шукуфт, эй ғам,
Мардум туро надорад дигар дар ин миёна.
9. Кори ошиқона. Намоиш нишон медиҳад, ки Нуриддин Ҷаронӣ ошиқи кор ва офаридаи худ аст. Ў чунон самимона дар он фурў рафтааст, ки гоҳ-гоҳ худро фаромўш мекунад ва аз забони Мавлоно сухан мегўяд, гўё худ Мавлоно шудааст. Чунин ишқе дар кор ва дар офариниш асарро то авҷҳо боло мебарад. Фикр мекунам, агар ҳунари Тоҷикистон ин ҳунармандро боло бардорад, саҳифаи навинеро дар театри Тоҷикистон эҷод ва дастгирӣ хоҳад кард.
Шамсулҳаққи Ориёнфар,
донишманди Афғонистон,
доктори улуми филологӣ