Таҷлили Рўзи Артиши миллӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2021-02-22 16:42
Имрӯз дар ошёнаи 9 -ум, бо ташаббуси шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 28 -солагии ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Чорабиниро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии 28 - умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳ табрику таҳният гуфта, барояшон беҳтарин хушиҳои рузгорро таманно намуд.
Баъдан, суханрониҳои Сафаров Ҳабиб, аъзои ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ҷумҳурӣ, баромади Умарҷони Эмомалӣ- муовини Роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯз Қодиров, роҳбари гурӯҳи ҷавонони гурӯҳи Авангард дар Тоҷикистон шунида шуд.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буда, дар он сарояндагони хушсадо аз ансамбли Сипари назди Вазорати корҳои дохила бо сурудҳои хеш хотири ҳамагонро шод намуданд.
Дар охир, Музофиршоев Васфишо -Директори ташкилоти ҷамъиятии "Деҳаи нав" иштирокчиён, аъзоёни шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбонро бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуд.
Мавзуна Орумбекова