Тими футболи Китобхонаи миллӣ ба мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ омода аст

4-уми феврали соли 2021 маросими ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурд дар миёни вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои муқими шаҳри Душанбе, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими мазкур дастаи футболбозони Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дар ҳайати 11 нафар иштирок намуданд. Дастаи футболбозони Китобхона дар гурӯҳи В бо дастаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати нақлиёт ва Агентии Тоҷикстандарт рақобат хоҳад кард.

Бозии нахустини дастаи Китобхона дар доираи даври гурӯҳии мусобиқа санаи 4-уми марти соли равон саоти 17:00 бо дастаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор мегардад.

Мо дар ин ҷода ба ҳамкоронамон муваффақият хоҳонем.

 
Барчаспҳо: