Журналисти шинохтаи тоҷик Талъат Нигор як китобе бо номи “Гули худрӯй, Ҷулйетта ва сад қиссаи дигар”, ки ба фаъолияти ҳунарии Хайрӣ Назарова –ҳунарманди нотакрор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бахшида шудааст, таълиф кардааст. Китоб соли гузашта ба муносибати 90-солагии ҳунарманд чоп шуд. Вале моҳи май Хайрӣ Назарова бар асари беморӣ аз олам рафт ва ҷашнвора ба муносибати 90-солагии ӯ ба таъхир уфтод. Муаллиф дар муқаддим а менависад:
Мусоҳибаи камина бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳайри Назарова маҳсули ҳамнишиниву суҳбатҳои зиёд бо устод аст. Ҳар гоҳ, ки бо ин бонуи ҳунар во мехурдам, сухан боз ҳам аз театр мерафт. Устод бо эҳтирому сипоси беандоза аз муаллимонашон ёд мекарданд, бо муҳаббату ризоят аз ҳамкорон – ҳамбозиҳои бузургсолу ҷавонашон, тамошобинони қадршиносашон ҳарф мезаданд. Ва ин ҳама оҳиста – оҳиста ба матни мусоҳиба ворид мешуд,онро пурра мекард.
Дар бораи ҳаёту фаъолияти устод мунаққидону театршиносон, ҳунарпешаҳову журналистон бисёр навиштаанд. Доктори илми саъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов соли 1999-ум китобе бо номи «Хайрӣ Назарова» таълиф намудаанд. “Гули худрӯй», «Якбора Шекспир», «Қисмати ҳамсолони ҳунарпеша» номи бахшҳои ин китоб аст. Дар охири навиштаҳои хеш устод хулоса кардаанд: «Ӯ яке аз ҳунарпешаҳои барҷастаи санъати драма аст. Гули худрӯй парвариш ёфт ва он ба мардум як ҷаҳон зебоӣ, некӣ ва шодмонӣ бахшид».
Худи устод Хайри Назарова низ соли 2009-ум дар бораи ҳаёти хеш, заҳмату мушкили касби ҳунарпеша, шодиву муваффақияти эҷодкор китобе бо номи «Дар олами андеша ва рӯъё» ба табъ расонидаанд. Китоб то 2 июли ҳамин сол, яъне соли 2020, ба муносибати ҷашни 90-солагии устод Хайрӣ Назарова бояд интишор мегардид. Аммо воқеаи рухдода – пандемия корнавирус ин нақшаро барҳам зад. Ҷашн баргузор нашуд,чопи китоб ба таъхир афтод.
Аммо ҳаёт идома дорад. Хотираи неки устоди саҳнаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайри Назарова бо мо хоҳад монд. Хидмати ин бонуи ҳунар дар равнақи саъати драма,тарбияи завқу ахлоқи наслҳои гуногуни тамошобинон дар саҳифаҳои таърихи театри тоҷик бо хатти зарин навишта хоҳад шуд.
Китоб ба муносибати 90-солагии ҳунарпеша чун поси хотираи ин ситораи санъати тоҷик чоп мешавад.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Фаъолияти саҳнавии худро соли 1942, аз 12-солагӣ дар Театри мусиқию драмаи Қӯрғонтеппа, ки он замон театри колхозӣ ном дошт, оғоз намудааст. Аввалин нақши асосӣ - Раноро дар спектакли «Талоши бахт» (муаллифи намоишномаи Шамсӣ Қиёмов, коргардон Абдулло Ҷӯраев) иҷро намудааст.
Соли 1951 бо даъвати саррежисери Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосими Лорҳутӣ Ефим Исоевич Мителман, дар ин театр ба кор сар мекунад. Муваффақият ва шуҳрати аввалинро дар саҳнаи театри ҷумҳурӣ ба ӯ соли 1953 иҷрои нақши Ҷулйетта дар намоиши «Ромео ва Ҷулйетта»- и У. Шекспир (коргардон Е.И.Мителман) овард.
Хайри Назарова дар тӯли беш аз 60 соли фаъолият дар Театри ба номи А.Лоҳутӣ беш аз 40 нақши асосиву марказиро бозидааст. Нақшҳои дигари иҷронамудаи ӯ дар ин театр зиёданд. Чор нақш дар филмҳои «Тоҷикфилм», иштирок дар дубляи филмҳо, иҷрои нақшҳо дар саҳнаи телевизионӣ, радиоспектаклҳо - ҳама дар шумори фаъолияти эҷодии ин ҳунарпешаи маруфанд.
Хайри Назарова солҳои 1963-1967 вакили Олии РСС Тоҷикистон буд. Бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, аз ҷумла «Барои меҳнати шуҷоатнок дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои «1941-1945», «Собиқадори меҳнат» мукофотонида шудааст.
10 майи соли 2020 аз олам даргузашт.
Таҳияи Саодат Набиева