Муаррифии китоб: Тазкираи адабиёти бачагон. Душанбе, соли 1979

Ҳамчуноне аз сарлавҳа дарёфтед, ин китоб чиҳилу як сол пеш рӯи чоп омадааст. Ҷилди аввали асари панҷҷилдаи “Тазкираи адабиёти бачагон” дарбаргирандаи назм аст, ки аз устод Айнӣ оғоз мешавад ва бо Наимҷон Назирӣ ба поён мерасад. Китоб асосан назми бачагонаи шуарои кишварро гирд овардааст ва он имрӯз ҳам аз аҳамияти вижа бархӯрдор мебошад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор марҳум Раҷаб Амонов ба ин китоб як сарсухани пурмуҳтаво навишта ва дар он аз ҷумла мехонем:

Таърихи адабиёти бачагонаи тоҷик таърихи кўшиши як идда шоирон, нависандагон, драматургҳо ва мунаққидон барои ба вуҷуд овардан ва ҳартарафа тараққӣ додани эҷодиёти бадеӣ,таърихи ҷўстуҷўйҳои муттасили эҷодӣ, таърихи таҷрибаандўзӣ ва комёбиҳои ҳамаи наслҳои нависандвгони советии тоҷик дар ин соҳа аст.

Дар натиҷаи тадқиқоти адабиётшиносони рус ва аз тарафи муассисаҳои педагогӣ омўхта шудани хусусиятхои психологияи бачагон адабиёти барои бачагон ва наврасон ба чор синну сол муқаррар шудааст, ки дар китобҳои бачагона ҳатман қайд мешавад: томактабӣ, сини хурди мактабӣ, сини миёна ва болои мактабӣ.

Адабиёти бачагонаи тоҷик дар протсессии пайдоиш, ташаккул ва такомулоти худ ба хусусиятҳои ин чор синну сол мутобиқ шуда, дар ҷараёни тараққиёти худ аз се манбаи асосии адабии худ бо муваффақият истифода мекунад. Ин се манбаи ғанӣ, рангин ва муфиде мебошад, ки дар тарбияи одами нав имконияти аз онҳо гаштаву баргашта ва фаровон фоида бурдан борҳо исбот гардидааст.

Манбаи аввал адабиёти классикии тоҷик аст, ки аз эҷодиёти асосгузори он Абўабдулло Рўдакӣ сар карда, то охирин намояндагони он саршори панду ҳикмат буда, он ақидаҳои муфидеро, ки аз таҷрибаи ҳаёти халқ дар давраҳои гуногуни таърихии иҷтимоӣ ба даст омада буд ,ба таври васеъ дар гирифтааст.

Дар асоси асарҳои халқӣ шеъру суруд, афсонаву достон, ҳикоя ва пиесаҳо ба миён омад, образу сюжет, мавзўъ ва персонажҳои фолклордӣ дар назму наср ва драматургияи бачагонаи тоҷик мавқеи калон пайдо карданд, таҷрибаи халқ барои эҷодкорони ин соҳа ҳартарафа ба кор рафт.            

Ниҳоят адабиёти бачагонаи рус ва халқҳои СССР на фақат ҳамчун маъхази таҷрибаи бадеӣ, балки дар айни замон ҳамчун манбаи сюжет, образ ва жанру воситаҳои тасвир дар инкишофи адабиёти бачагонаи тоҷик роли муҳим бозид.

Китоби “Тазкираи адабиёти бачагон”-ро шумо метавонед дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.  

Таҳияи Нафиса Қурбонова, мутахассисӣ шуъбаи кўдакон ва наврасон.