Дар бораи забони авестоӣ чӣ медонем?
Забони авестоӣ, авастоӣ, яке аз забонҳои эронии қадим, ки мутааллиқ ба гурўҳи забонҳои шарқии эронӣ аст. Дар Аврупо муҳаққиқон ин забонро забони Занд ё зандӣ мегуфтанд (тарҷумаву тафсири Авесто ба забони паҳлавӣ - форси миёна бо номи Занд- Авесто маълум буд), азбаски пайдоиш ва интишори зардуштия ба Балх вобаста аст, забони авестоӣ бо номи забони бохтарии бостон низ ёд мешавад. Оид ба мансубияташ ба гурўҳи ғарбии забонҳои эронӣ низ баъзе забоншиносон, авестошиносон баҳс оростаанд, вале тарафдорони шарқӣ будани забони авастоӣ ва далелҳо дар ин бобат бештаранд: ҷуғрофиёе, ки дар Авасто акс ёфтааст, ҳамосаҳои дар Авасто овардашуда аз рўи мазмуну мундариҷа ба Шарқ тааллуқ доранд; рўҳониёни зардуштия - мубадон макони пайдоиш ва густариши дини худро Балх медонанд.
Забони авастоӣ аз ҷиҳати хусусиятҳои дастурӣ (грамматикӣ) ба забонҳои хоразмӣ, суғдӣ, забонҳои помирӣ наздикӣ дорад. Давраи ба вуҷуд омадан ва густариши забони авастоӣ ё шеваи забони ориёӣ (эронии қадим), ки забони авастоӣ ном гирифтааст, ба ҳудуди замонии миёнаи ҳазораи дуввум- миёнаи ҳазораи якуми пеш аз мелод рост меояд.
Минтақаи густариши забони авастоӣ Дрангиана (Сакастана- Сиистон), шимолу ғарбии Маргиана (Марв), Балх (Бактрия), Мод мебошанд. Дар забони авастоӣ ду шеваи нигориш мавҷуд аст:
1) шеваи «Готҳо»;
2) шеваи «Хурд- Авесто» (Авестои пасин).
Ба шеваи «Готҳо» худи «Готҳо» [мансуб ба Зардушт ва чанд боби «Ясно» («Ясно- ҳаптанҳаита»- «Яснои иборат аз ҳафт боб»], бахшҳои (бандҳои) 12 -14, 13- 15, 54, 56 ва 58 «Ясно», ба шеваи Авастои пасин- «Хурд - Авасто» «Яштҳо», «Виспарад», «Вандидод», «Хурд- Авесто» навишта шудаанд.
Забони авастоӣ дар замони тадвини Авесто (нимаи якуми ҳазораи якуми пеш аз мелод) матрук буд. Ба ин забон маросимҳои дини зардуштӣ анҷом дода мешуданд. Авесто ва баъзе дуоҳо аз он дар намози зардуштиён, ки дар оташкадаҳо мегузоранд, хонда мешуд. Имрўз ҳам забони авастоӣ байни пайравони зардуштияи порсҳо (сокинони иёлоти Гуҷароти Ҳиндустон) ва ғарбҳо (сокинони шарҳои Кирмону Язди Эрон) ва дигар манотиқи дунё, ки зардуштиён зиндагӣ мекунанд, забони дину ибодат ва иҷрои маросимҳои динӣ мебошад.
Хатти дар забони авестоӣ маъмул хатти фонетики ифодакунандаи тамоми овозҳои забон (иборат аз 48 то 52 аломат буд- Дин - дабира мебошад. Низоми фонологии забони авастоӣ - ро авестошиносон дар асоси омўзиши савтиёт (фонети)- и он ва истифода аз натиҷаҳои дастовардҳои забоншиносии муқоисавӣ - таърихӣ барқарор кардаанд.
Дар забони авастоӣ 14 садонок ва 34 ҳамсадо мавҷуд аст. Дар бахши шеваи «Готҳо» зада оҳангист. Забони авастоӣ аз ҷиҳати сарф (морфология) флективӣ ва синтетикист (нигар Забонҳои флективӣ, Забонҳои синтетикӣ). Дар забони авастоӣ ҳиссаҳои нутқ- исм, сифат, шумора, ҷонишин, зарф, феъл бо категорияҳои замон (ҳозира, оянда, гузашта, аорист), масдар, сифати феълӣ, пешояндҳо (нисбатан мустақилмаъноянд), пасоянд, ҳиссача, пайвандакҳо (пайвандаки энклитикии – са барои робитаи аъзои чидаи ҷумла ва ҷумлаҳои мураккаб ба кор бурда мешавад) мавҷуданд.
Ҳиссаҳои номии нутқ дорои 8 ҳолат (падеж, ниҳоди фоил) (Nominative), роӣ, мафъул (Accusative), боӣ, ба васила (Instrumental), барои, ба, сўи (Dative), азӣ, анҳа ё мафъул минҳа (Ablative), онӣ, вобастагӣ (Genetive), дарӣ, андарӣ (Locative), оӣ, нидоӣ, (Vocative), ҷинсият (мардона, занона, камосо- хунсо), се шумора (танҳо, ҷамъ, дугона- ҷуфт) мебошанд. Тартиби калимаҳо дар ҷумлаҳои авестоӣ нисбатан озод аст. Аз ҷиҳати сарф (морфология) ва наҳв (синтаксис) ба санскрит наздикӣ дорад. Баъзе забоншиносон, масалан Уилям Ҷонс, забони авастоиро дар муқоиса бо санскрит мавриди пажўҳиш қарор додаанд.
Таркиби луғавии забони авастоӣ, асосан, аз калимаҳои оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ (ҳиндуориёӣ, эронӣ) иборат аст. Калимаҳои бегона дар он роҳ наёфтаанд.
Дар забонҳои имрўзаи форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ, ки номи умумиашон форсӣ мебошад, калимаҳои авестоӣ ба мисли hanjamanam – анҷуман, xratu – хирад, xratumand – хираманд, vahu- беҳ, daina – дин, vaeda – медонам, zasta – даст, mah – моҳ, bumim – бум, замин, gairi – кўҳ (дар русӣ- гора), maivanam – меҳан, guvan- ҷавон, mata – модар, pita- падар, brata- бародар, dugda- духтар, aiva- як, hapta- ҳафт, asta – ҳашт, cavwaro –чаҳор, dasa – даҳ, tum- ту ва ғайра вомехўранд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 488-489.
Муаллиф: М. Диловаров
Таҳияи Фирӯза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.