Маҳмуд Тоҳирӣ, ки як ҳунарманди ҳирфаӣ ва офарандаи даҳҳо симои хотирмон дар театр ва синамои кишвар буд, шояд барои тоҷикистониён бештар чун барандаи барномаи хеле ҷолиби “Бағараз панд”-и шабакаи ягонаи телевизиони Тоҷикистони Шӯравӣ ошно бошад. Ин барнома ҳар ҳафта пахш мешуд ва ровии хушсаводи он Маҳмуд Тоҳирӣ бо симои зебову нуронӣ пандномаҳои бузургонро қироат мекард ва саҳнаҳоеро муаррифӣ менамуд. Ҳоло куҷо рафт? Аввали солҳои 90-и асри гузашта аз Душанбе ба Олмон рафт ва дар ҳамон ҷо аз олам гузашт. Ӯ ба Тоҷикистон аз тариқи Озарбойҷон аз Эрон омада буд ва боз аз ин ҷо ба Аврупо рафту ҷон ба Ҳақ таслим кард. Агар зинда мебуд, 21-уми ноябр ба 95 медаромад. Ёдаш ба хайр!
Тоҳирӣ Маҳмуд Искандар 21-уми ноябри соли 1925 дар шаҳри Машҳади Эрон таваллуд шудааст ва соли 1943 студияи театрии шаҳри Машҳадро хатм кардааст. Солҳои 1943-1956 узви дастаи ҳаваскорони санъати шаҳри Боку буда, дарси маҳорати актёриро аз устоди санъати Озарбойҷон Ягонӣ Ризо омўхтааст. Сипас ба пешбарии Е. И. Мителман ба Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омад. Аз соли 1956 ҳунарманди ҳамин театр буд. Аз ҳамон сол то аввали солҳои 90 дар Душанбе зисту кору эҷод кард.
Тоҳирӣ нақшҳои драмавию фоҷиавӣ, ҳаҷвӣ ва мазҳакавиро хеле моҳирона иҷро мекард. Вай дар саҳнаи театр зиёда аз 50 нақш офаридааст: меҳмони ҳинду («Саодат»-и С . Саидмуродов ва М. Рабиев), тоҷири афғонӣ («Орзу»-и М. Назаров), Искандар («Кўпрук»-и Ф. Ниёзӣ), посбон («Гарнизон таслим намешавад»-и Ҷ. Икромӣ), Амир Олимхон ва Хуршед («Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло), Панталоне («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони), духтур («Модарандар»-и О. Балзак), Камол («Беватан»-и С. Сафаров), дарвеш («Шаби гирифтани моҳ»-и М. Карим), пирамард («Лаҳзаи ҷовид»-и М. Бахтӣ), профессор («Зистан мехоҳад»-и М. Ҳакимова), Олим («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳаммадҷонов), Осип («Ревизор»-и Н. В. Гогол), Тересий («Эдип»-и Софокл), бобои Зариф («Ҷияни хира»-и Ш. Содиқов) ва ғайра.
Маҳмуд Тоҳирӣ бо донишу маҳорат, бо лаҳни хушу гуфтори ширин, бо шўхиву зарофатҳои намакин, бо овози дилнишину маҳорати хуби сарояндагӣ, бо лутфи сухан, шеърдониву шеърхониҳояш, бо дили пурмеҳру хислатҳои наҷибаш азизи дили аҳли фарҳанг ва мардуми тоҷик гардида буд. Тамоми аҳли ҳунар ва кормандони театр, аҳли эҷоди «Тоҷикфилм» ва садову симои тоҷик устод Тоҳириро дўст медоштанду эҳтиром мекарданд.
Шўҳрат ва маҳбубияте, ки охири солҳои ҳафтод то миёнаҳои солҳои ҳаштод шодравон касб карда буд, тавассути намоиши бадеӣ ва панду ахлоқии «Беғараз панд» ба миён омад.
Қадру манзалати эҷодкор аз каму зиёд чоп кардани китоб, каму зиёд будани оҳанг, мусаввара ё иҷрои нақш набудааст. Муҳим он аст, ки чӣ гуфтааст, чӣ гуна гуфтааст, чӣ гуна сурудааст, чӣ гуна офаридааст. Тамошобинон ўро на чун ҳунарпеша, балки мисли як пири хирадманд қабул карданд ва пандҳояшро аз дилу ҷон пазируфтанд. Бо нигоҳи самимӣ, бо табассумҳои латиф, бо симои андешамандона ва суханҳои гуҳарбору шакаррез ба дили тамошобин ҷой гирифт.
Тоҳирӣ дар 62 филм иштирок кардааст, аз ҷумла дар 16-тои он нақшҳои асосӣ бозидааст: Маҷ («Қисмати шоир»), Мирзонур («Нисо»), Нонвой (Ҳасани аробакаш»), Абдулатиф («Тобистони 1943»), марди фаранҷипўш («Вохўрӣ дар назди масҷиди кўҳна»), осиёбон («Вақте ки осиёб боз монд»), ҷангалбон («Панҷ нафар дар пайраҳа»), домод («Арўс ва домод»), профессор («Паланг лозим»), Назарбой («Имрўз ва ҳама рўз») ва ғайра.
Маҳмуд Тоҳирӣ – ҳунарманди театр ва кинои тоҷик, Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1977) бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Маҳмуд Тоҳирӣ соли 1990 ба Олмон кўчид ва дар он ҷо вафот кард. Дар ёди мо, мухлисон номи ў ҳамеша зиндаву ҷовид боқӣ хоҳад монд.
Таҳияи Муяссар Қаюмова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.