Муаррифии китоб: “Фаъолияти китобдорӣ. Фаъолияти иҷтимоӣ – фарҳангӣ: Назария, услубҳо, амалия”
Маҷмўа мақолаву андешаҳои пурқимати илмии китобхонашиноси тоҷик Сафар Шосаидовро, ки тайи солҳои гуногун чоп гардидаанд, инъикос менамояд. Мақолаҳои маҷмўа дар 6 фасли мавзўӣ ҷойгир шуда, дар маҷмўъ самтҳои гуногуни фаъолияти илмӣ – эҷодии муҳаққиқро инъикос менамоянд. Фасли якуми маҷмўа мақолаҳои бахшида ба проблемаҳои назариявии барои рушду камоли китобхонашиносии тоҷик муҳимро, ки дар ҳоли ташаккул қарор дорад, дар бар мегирад.Мақолаҳои фасли мазкур бо инъикоси эҳсосу тафаккури олим дар заминаи андешаҳои амиқу равшан масъалаҳоеро фаро гирифтаанд, ки баррасии онҳо бо назардошти вазъи имрўзаи китобхонашиносии тоҷик ҳаётан муҳиманд.
Аз ин лиҳоз, дар баробари масъалагузорӣ муаллиф ҳангоми баррасии ҳар як масъала роҳу равиши ҳалли онроб нишон медиҳад. Аз муҳтавои мақолаҳои фасли якум хонанда бо ҷараёни ташаккули сиёсати китобдории даврони истиқлолият, самтҳои авзалиятноки он, дигаргуниҳои ҷараёни таҳқиқи проблемаҳои типологияи китобхонаҳо ва пешниҳодоти мушаххаси муаллиф нисбат ба мавзўи таҳқиқ ошно мегардад. Дар ин фасл ду мақолаи муҳим ба масъалаҳои мушкилоти раванди таҳия ва истифодаи стандартҳои соҳавӣ дарТоҷикистон, ногузир будани ҷоринамоии онҳо дар илму амалияти китобдорӣ аз нигоҳи илмӣ асоснок шудаанд.
Мақолаҳои дигари фасли мазкур, асосан, ба масъалаҳои раванди хониш, омилҳои барангезандаи монеаҳо дар ин самт, ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорони ҷумҳурӣ, ки дар натиҷаи таъсири манфии таҳаввулоти ҷаҳони муосир – ҷаҳонишавии фарҳанг ва фазои муосири иттилоотӣ, ки пайваста печидаву мураккаб гардида истодаанд, бахшида шудаанд.
Мақолаҳои фасли дуюми маҷмўа моҳиятан хусусияти амалӣ дошта, аслан ба масъалаҳои таҳия, пешниҳод ва фаъолияти самарабахши веб – сайти китобхонаҳо, ки имрўз ҷоринамоии ин навъи хизматрасонӣ бағоят зарур аст, бахшида шудаанд.
Фароҳам овардани муҳити шабакавӣ дар фаъолияти китобдорӣ амри ногузир аст. Вале аз дастовардҳои илмӣ дар ин самт китобдорони ҷумҳурӣ ҳанўз ба қадри кофӣ баҳраманд нестанд. Бо назардошти қонеъгардонии ҳамин ниёзмандӣ муаллиф масъалаҳои зарурати фаъолият дар муҳити шабакавиро бо нишондоди анвои он дар мақолаҳои фасли сеюм хеле дақиқ таҳия ва баррасӣ намудааст.
Фасли чоруми маҷмўа фарогири мақолаҳоест, ки зимни онҳо муаллиф ба поблемаҳои ҳанўз дар сатҳи зарурӣ омўхташудаи илми китобхонашиносии миллӣ – менеҷмент, маркетинг ва рекламаи китобдорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нисбат ба ҳар кадом андешаву пешниҳод ва тавсияҳои мушаххаси илмӣ иброз намудааст.
Бо назардошти гуногунҷабҳа будани фаъолияти илмӣ – эҷодии Сафар Шосаидов мақолаҳои фасли панҷум ба таҳқиқи проблемаҳои илмии соҳаи фарҳангшиносӣ, фаъолияти иҷтимоӣ – фарҳангӣ бахшида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2010 аз ҷониби номбурда китобе зери унвони «Менеҷменти фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ” таҳия ва чоп гардида буд.
Аз ин рў, мақолаҳои фасли панҷуми маҷмўа ба масъалаҳои самтҳои асосии сиёсати фарҳангии даврони истиқлолияти миллӣ, татбиқи муқаррароти «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақши ду рўйдоди муҳити сиёсӣ – истиқлолият ва Ваҳдати миллиро дар ривоҷу равнақи фарҳанги халқи тоҷик бо далелҳои муътаманд инъикос менамоянд.
Яке аз хусусиятҳои назарраси фаъолияти илмӣ – эҷодии Сафар Шосаидов ин дарки муҳимияти мавзўи проблемаи илмӣ, тарзи масъалагузорӣ, сабки хосаи таҳқиқу баррасии он дар заминаи дастовардҳои илми муосир ва пайванд бо далелҳои боварибахши илмӣ мебошад.
Аз ин рў, новобаста аз он ки мақолаҳои маҷмўа тўли солҳои гуногун таҳия ва чоп шудаанд, онҳо имрўз низ аҳамияти зиёди илмӣ ва амалиро молик буда, ба олимону мутахассисони соҳа, омўзгорону донишҷўёни макотиби таҳсилоти соҳаи китобдорӣ дар ҷараёни омўзиши масоили мубрами илмӣ мусоидат хоҳанд кард.
Қурбоналӣ Бўриев,
номзади илмҳои таърих.
Китоби “Фаъолияти китобдорӣ. Фаъолияти иҷтимоӣ – фарҳангӣ: Назария, услубҳо, амалия”соли 2013 чоп шудааст. Мутахассисон ва донишҷӯёни бахшҳои мухталифи китобдориву китобхонашиносӣ метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоянд.
Таҳияи Мавзуна Назарова,
сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.