Рӯ ба илм. Вазъи радиатсионии дараи Камароб
Вазъи радиатсионии дараи Камароб аз ҷониби мутахассисони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 17 то 21 июли соли 2019 тавассути гузаронидани мониторинги гамма-фони радиатсионӣ, гирд овардани намунаҳои хок ва об барои таҳлил бо усули радиологӣ баҳогузорӣ карда шуд.
Бо мақсади баҳодиҳии вазъи радиатсионии мавзеи дараи Камароб нишондиҳандаҳои фони табии радиактивӣ, таҳшинҳои атмосферӣ ва манбаъҳои сунъии радиатсионӣ таҳқиқ карда шуданд. Фони табиии радиатсионӣ асосан аз таркиби қабатҳои геологӣ ва тарқишҳои он вобастагӣ дорад. Таркиби радионуклидии ҷинсҳои кўҳиро изотопҳои табиии қатори уран ва торой, калий-40, радий-226 ва дигарон ташкил медиҳанд. Изотопҳои табии уран ва радий дар об тезҳалшаванда буда, тавассути оби пиряхҳо, чашмаҳо ва обҳои зеризаминӣ ба муҳити атроф паҳн мешаванд ва фони радиатсиониро баландтар менамоянд. Пешгирӣ намудани равандҳои табиӣ ғайриимкон аст. Аз ин рў, ҳангоми омўзиши вазъи радиатсионии мавзеъ ба ғайр аз ченкунии гамма-фони радиатсионӣ, таҳқиқи таркиби радионуклидии хок ва обҳои минтақа хеле муҳим мебошад.
Мониторинги гамма-фони радиатсионӣ
Дар мавзеи дараи Камароб фони радиатсионии табиӣ аз ҳисоби ҷинсҳои кўҳӣ, афканишоти кайҳонӣ ва таҳшиншавии атмосферӣ ташаккул меёбад. Бо истифода аз дастгоҳи муосири Термо-пекай, ки дорои детекторҳои афканишоти гамма ва нейтрон мебошад, гамма-фони радиатсионӣ аз саршавии дараи Камароб то охири он чен карда шуд. Собит карда шуд, ки фони табиии радиатсионӣ дар ин мавзеъ дар ҳамвориҳои назди соҳили дарё 0.08-0.15 мкЗв/соат ва дар доманакўҳҳо 0.16-0,25 мкЗв/соатро ташкил медиҳад. Сели нейтронҳои кайҳонӣ дар ҳудуди 0.5-4.0 нейтрон/сония тағйир меёбад.
Натиҷаҳои таҳқиқот аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар мавзеи дараи Камароб фони радиатсионӣ муътадил буда, ба нишондиҳандаи миёнаи фони радиатсионии минтақаҳои дигари Тоҷикистон наздик аст.
Ташхиси намунаҳои хок
Вобаста ба мураккабии релеф, радионуклидҳо дар ҳудуди дараи Камароб на дар таркиби хок, балки асосан дар таркиби ҷинсҳои кўҳӣ ҷамъ гардидаанд.
Дар рафти мониторинги саҳроӣ аз мавзеъҳои гуногуни дараи Камароб барои таҳлили радионуклидӣ 4 намунаи хок аз нишебиҳои кўҳӣ гирифта шуд.
Намунаҳои хок дар Озмоишгоҳи хизматрасонии техникии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавассути дастгоҳҳои гамма-спектрометр ва детектори нимноқилӣ таҳлил карда шуданд. Натиҷаҳои таҳлил нишон доданд, ки дар таркиби намунаҳои хок радионуклидҳои табиӣ ба миқдори зарурӣ мавҷуданд.
Аз радионуклидҳои сунъӣ дар таркиби намунаҳо ба миқдори хеле кам Cs-137 дарёфт карда шуд. Ин радионуклид аз атмосфера ба тавассути боришот аз ҷангу ғубори атмосферӣ ба хок ворид мегардад.
Эҳтимол меравад, ки радионуклиди Сs-137 дар атмосфера аз партовҳои газии неругоҳҳои атомӣ зимни гузаронидани озмоишҳои ҳастаӣ (эҳтимол озмоишҳои ҳастаии Хитой, Ҳиндустон ва Покистон дар солҳои 90-уми асри XX), садамаҳои ҳастаӣ ва радиоактивии Чернобил (Украина, соли 1986) ва Фукутсима (Япония, соли 2011) ба вуҷуд омада, тақрибан 3-4 маротиба кураи заминро давр задааст ва дар минтақаҳои гуногуни баландўҳ таҳшин гардидааст. Нишондиҳандаҳои миёнаи фаъолиятнокии хоси радионуклидҳо дар намунаҳои хок дар ҷадвали 18 оварда шудааст.
Таҳлили радионуклидии намунаҳои хок собит намуд, ки паҳншавии радионуклидҳои табиӣ дар муҳити атроф кам ба назар мерасад ва онҳо дар ҷинсҳои кўҳӣ нигоҳ дошта мешаванд. Миқдори радионуклиди сунъии Сs-137 дар хок вобаста ба баландӣ аз сатҳи баҳр меафзояд ва асосан дар хокҳои доманакўҳ дар давоми якчанд сол зимни боришоти барфу борон ва шусташавии чангу хоки болои кўҳҳо ҷамъ мешавад.
Мониторинги радиологии оби чашмаҳо ва дарёҳо
Муҳоҷирати радионуклидҳо тавассути об яке аз роҳҳои асосии паҳншавии онҳо мебошад. Радионуклидҳо дар обҳои зеризаминӣ нисбат ба обҳои рўизаминӣ зиёдтар вомехўранд.
Намунаҳо дар Озмоишгоҳи хизматрасонии техникии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавассути радиометри УМФ-2000 таҳлил карда шуданд. Намунаи обҳо сараввал барои муайян намудани фаъолнокии а ва в радионуклидҳо ташхис карда шуданд. Натиҷаҳои таҳлил нишон доданд, ки дар таркиби намунаҳо радионуклидҳои табиӣ ба миқдори хеле кам мавҷуданд ва аз меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (0.1 Бк/л барои а ва 1 Бк/л барои В) зиёд набуда, барои оби нўшокӣ ва обёрӣ намудани заминҳо ҷавобгў мебошанд. Ин ба он вобаста аст, ки дар наздикии манбаъҳои обӣ конҳои моддаҳои радиоактивӣ мавҷуд нестанд.
Босчоп аз китоби “Дараи Камароб”, Душанбе, “Дониш”, 2020
Таҳияи Дилноза Ғаниева, мутахассиси пешбари
маркази такмили ихтисос