"Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст...
Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.
Мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд.
Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад".
Иқтибосе буд аз суҳбати радиоии Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар бораи сайри торихии забон, истиқлолият ва талошҳо барои покии забони модарӣ. Шунидани суҳбат аз манфиат холӣ нест.