Бахшида ба “Рӯзи забони тоҷикӣ” Шуъбаи баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китоб баргузор кард, ки дар он беҳтарин китобҳо дар бораи забону фарҳанг, имло, луғату фарҳангономаҳои муътабар ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Хонанда метавонад бо китобҳое чун “Забоншиносии умумӣ”-и М.Норматов, Ф.Зикриёев, “Имло ва забони адабӣ”-и профессор Сайфиддин Назарзода, “Фарҳанги номвожаҳои форсии тоҷикӣ”,-и Январ Шукрии Самарқандӣ, дастури илмӣ-медотии “Забони тоҷикӣ”, “Услубшиносӣ”-и Баҳриддин Камолиддинов, “Истилоҳоти варзиш дар забони тоҷикӣ”, “Худомӯзи забони тоҷикӣ”,, “Забони адабии ҳозираи тоҷик”, “Хат ва имлои матни классикиии тоҷик”, “Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ”, “Худомӯзи алифбои ниёгон”, “Забони тоҷварон” ва чандин китоби дигар, ки тӯли солҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ва дигар марокизи фарҳангии кишвар интишор ёфтаанд, ошно шавад, онҳоро варақ занад ва мутолиа кунад.
Марид ба ёдоварист, ки ҳар сол 5-уми октябр дар сар то сари Тоҷикистон “Рӯзи забони тоҷикӣ” бо шукуҳи тоза таҷлил мешавад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ бахшида ба ин санаи муҳим баргузории як ришта чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст, ки бахше амалӣ шуданд ва бахши дигар зарфи чанд рӯзи оянда роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Аз ҷумла, рӯзи 29-уми сентябр бо ширкати ҷамъе аз олимону суханварони тоҷик Конфронси илмӣ таҳти унвони “Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ” баргузор шуд. Дар ин конфронс чеҳраҳои матраҳ, олимони забоншинос ва таҳлилгарон ширкат карданд ва атрофи ному номгузорӣ, суннатҳои қадима ва талошҳои имрӯзаи тағйири номҳо ва номгузориҳои нав андешаҳои хзудро иброз доштанд.
Дар ин нишаст профессор Додхудо Саймиддинов дар мавзуъи “Номҳои ҷуғрофӣ ва равишҳои суннатии номгузорӣ”, профессор Сайфиддин Назарзода дар мавзуъи “Номвожаҳои таърихию ҷуғрофии Тоҷикистон”, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонов дар мавзуъи “Фарҳанги номгузорӣ дар забони тоҷикӣ”, Раҳим Зулфониён дар атрофи масъалаи мушкилоти номгузорӣ дар маҳалҳои аҳолинишини кишвар суханронӣ намуданд.
Дар конфронс муовини Сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ва Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ширкат доштанд. Аз ҷумла, Гавҳар Шарофзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзан дар табдили номаи маҳалу кӯчаву хиёбонҳо ба иштибоҳ роҳ дода, сабабгори аз байн рафтани номҳои таърихӣ шудаанд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин ибрози ташвиш аз он карданд, ки даҳҳо ном такрор гузошта шудаву баъзе истилоҳоте, ки вожаи таърихиву хоси ин ё он маҳаланд, аз байна рафтаанд.