Суҳбат ва гуфтугӯ бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода дар мавзуоти таърих, рушду таҳаввул ва вазъи забони тоҷикӣ дар тӯли таърих.
Истиқлолият ва забон. Дар ин 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аз кучо то куҷо рушд ёфтааст? Чи монеъаҳо буданд ва имрӯз забони мо чӣ ҳол дорад?
Суҳбатест, ки дар як муколамаи телевизионӣ матраҳ шудааст. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода ба суолҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон посух медиҳад.
Дар Коллеҷи варзиши Тоҷикистон бо роҳандозии як чорабинии муштарак бо Китобхонаи миллӣ аз Рӯзи забон ёд карданд.
Ин маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони “Забонро беолошиш нигоҳ медорем” баргузор шуд ва ширкаткунандагон асосан дар атрофи масъалаи покии забон, риояи Қонуни забони давлатӣ, муколамаи озоду равон бо забони модарӣ ибрози назар намуданд.
Бахшида ба “Рӯзи забони тоҷикӣ” Шуъбаи
баргузории чорабиниҳои фарҳангии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши
китоб баргузор кард, ки дар он беҳтарин
китобҳо дар бораи забону фарҳанг, имло,
луғату фарҳангономаҳои муътабар ба
маърази тамошо гузошта шуданд.
Хонанда метавонад бо китобҳое чун
“Забоншиносии умумӣ”-и М.Норматов,
Ф.Зикриёев, “Имло ва забони адабӣ”-и