Дар Коллеҷи варзиши Тоҷикистон бо роҳандозии як чорабинии муштарак бо Китобхонаи миллӣ аз Рӯзи забон ёд карданд.
Ин маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони “Забонро беолошиш нигоҳ медорем” баргузор шуд ва ширкаткунандагон асосан дар атрофи масъалаи покии забон, риояи Қонуни забони давлатӣ, муколамаи озоду равон бо забони модарӣ ибрози назар намуданд.
Ҷонишини Директори коллеҷ оид ба таълим Ҳамрохон Назаров бо ифтитоҳи маҳфил аз талошҳои ҳукумати кишвар дар роҳи покии забону риояи он дар коргузории идораҳо ва нашри китобу маҷаллаҳо ёд кард. Ҳамрохон Назаров гуфт, ки пок нигоҳ доштани забон аз ҳуввияти миллист ва ҳар сокини ин марзу бумро лозим меояд Қонуни забонро риоя кунад.
Сардори шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи милии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров роҷеъ ба рушди забон дар солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Сардори давлат ба забон суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон рушди забон ва пок нигоҳ доштани он аз ҳар гуна олудагиҳо нақши басо муҳим дорад.
Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Зайдулло, муаллими забон ва адабиёти коллеҷи варзиш Тиловатулло Шарифов ва дигар омўзгорон суханронӣ намуда, ҷавонону донишҷуёнро ба рўзи забони тоҷикӣ табрику шодбош намуданд.
Донишҷўён Акбаршо Раҳимов ва Моҳрў Ғаюрова дар васфи забон тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд.
Дар поёни чорабинӣ барои рушду нумўи забон ва беолоиш нигоҳ доштани он Директори коллеҷи варзишии Тоҷикистон Қосимҷон Курбонов донишҷўён Моҳрў Ғаюрова, Саидаҳмад Маликов, Абдурозиқ Ҳусейнов ва Акбаршо Раҳимовро бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонид.
Чорабинии зикршударо барномаи фарҳангӣ ва суруду мусиқиҳои дилнишини донишҷўён шаҳомати идона бахшид.