Ғолибони даврҳои аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”
Нашр шуд 2020-10-09 11:38
Онҳоеро муаррифӣ мекунем, ки аз ҷумлаи аъзои ҳамешагии толори хониши кӯдакон ва наврасон буда, аз фаъолтарин ширкаткунандагони маҳфилҳои ин шуъба мебошанд. Онҳо ҳар рӯз меоянд ва китоб мехонанд, ба озмун омодагӣ мебинанд. Шавқу завқе, ки ба китоб доранд, моро ҳам водор кард дар бораашон ин ҷо нависем.
Каримова Мадина 5 ноябри соли 2008 дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Ў сокини деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб аст. Айни ҳол хонандаи синфи 5-уми МТМУ- № 47 мебошад.
Ў аъзои шубаи кўдакон ва наврасон буда, дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатии ин шуъба фаъолона иштирок мекунад. Ҳам чунин узви фаъоли маҳфили «Ҳамешабаҳор» аст, ки ба он шоири шинохта Хайрандеш роҳбари мекунанд. Ба китоби нахустинаш «Ҳамешабаҳор» ном гузоштани Мадина низ арҷгузорӣ ба устодаш Хайрандеш ва маҳфили «Ҳамешабаҳор» аст.
Мадина дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рўи наминатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона иштирок карда, дар даври якум ва даври дуюми озмун сазовори ҷойи якум гаштааст.
Каримова Мадина мегӯяд зиёда 300 китоб мутолиа намуда, 7000 – байт аз адабиёти бачагона аз ёд кардааст, 66- чистон, 55 латифа, 70- тезгӯяк медонад.
Мадина дар озмуни чумхуриявии бехтарин шеъри бачагона сазовори ҷойи 3-юм гаштааст. Ў ба варзиш шавку рағбати беандоза дорад ва ҳоло дар намуди варзиши теннис машғул аст.
Шарипов Мухаммадҷон хонандаи синфи – 6, аз Гимназияи №–1 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Муҳаммад ба дунёи китоб хеле қадамҳои устувор гузошта, дунёи афсонаро дар кўдакӣ ба мутолиа сайр намуда, имрўз аз ҷаҳони нависандагони бузурги классику муосир ҳарф мезанад. Маҳз ҳамин буд, ки ў дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рўи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адибони муосири тоҷик иштирок намояд. Хушбахтона, Муҳаммад аз даври якум ва дуюми озмун сазовори ҷойи якум гашт. Айниҳол ў ба даври шаҳрии Озмуни мазкур тайёрии ҷиддӣ дида истодааст ва нияти ғолиб шудан дорад.
Ғайр аз ин дар олимпиадаҳои гуногун аз қабили «Kangary», «Imas» «Let’s Ehgish», «Русский язык», «Кӣ бештар шеър медонад», «Ҳисобдонӣ» ва ғайраҳо иштирок намуда сазовори ҷойи якум гаштааст.
Мутахассиси пешбари шубаи кўдакон ва наврасон: Фирўза Раҳимова.
Фирўза Раҳимова,
мутахассис пешбари шубаи кўдакон ва наврасон.