Профессор Мукаррама Қосимова дар минни 87-солагӣ аз олам даргузашт
Нашр шуд 2020-10-02 12:17
Профессор Мукаррама Қосимова дар минни 87-солагӣ аз олам даргузашт
Устоди Донишгоҳи миллӣ, яке аз муваффақтарин бонуи илми тоҷик, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова имсол ба синни 87-солагӣ аз олам гузашт. Мукаррама Қосимова аз аввали солҳои 50 асри гузашта вориди шоҳроҳи илм шуд ва чун як ғаввоси моҳир шиновари баҳри нопайдоканори илм шуд.
Қосимова Мукаррама Набиевна 16 январи соли 1933 дар шаҳри Конибодом дар оилаи яке аз поягузорони журналистикаи тоҷик шодравон Набии Фахрӣ таваллуд шудааст. Соли 1950 ӯро ба шуъбаи филологияи тоҷики факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин овард. Баъди хатми факултаи филологияи тоҷик, соли 1955 ба аспирантура дохил шуда, роҳи душвори илм ва мушаххасан соҳаи забоншиносиро интихоб намуд.
Аз соли 1981 профессор, соли 1982 аълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Соли 1955 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Аз соли 1959 аввал муаллима, баъд муаллимаи калон, дотцент ва профессори ҳамин кафедра. Солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.
Соли 1962 дар мавзӯи "Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик" рисолаи номзадӣ ва соли 1982 дар мавзуи "Ҷумлаҳои содаи насри асри XI" рисолаи доктории худро дифоъ намуд. Дар мавзуи ҷумлаҳои содаи насри классикӣ ду монографияи илмӣ навиштааст: "Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои содаи насри асри XI" (1976) ва "Структура ва семантикаи ҷумлаҳои содаи насри асри XI", ки соли 1986 ба нашр расонидааст.
Аз соли 1986 мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.
Қосимова доир ба масъалаҳои умдаи забоншиносии тоҷик тадқиқот мебарад. Монографияи ў «Синтаксиси ҷумлаҳои соддаи насри асри XI» асари муҳиме дар боби забоншиносӣ ба шумор меравад.
Мукаррама Қосимова барои мактабҳои миёна ва олӣ як силсила китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ оид ба таълими забони тоҷикӣ таълиф кардааст.
Машҳуртарин китоби Мукаррама Қосимова "Хат ва имлои матни классикии тоҷик" аст, ки солҳои 1969, 1976, 1989, 2000 ва 2010 нашр шудааст ва тозатарин нашри он соли 2010 бо иловаву тавзеҳот иттифоқ уфтод.
Аз профессор Мукаррама Қосимова ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавон пайдо кард:
Хат ва имлои матни классикии тоҷик. – Душанбе: Маориф, 1989. – 368 с.
Хат ва имлои матни классикии тоҷик. – Душанбе: Маориф, 2000. – 392 с.
Луғати мухтасари таълимии тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ. – Душанбе, 2001. – 176 с.
Таълими забони адабии тоҷик. – Душанбе, 2002. – 565 с.
Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии тоҷик. – Душанбе, 2003. – 114 с.
Таърихи забони адабии тоҷик асрҳои IX-X. – Душанбе, 2003. – 490 с.
Об дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ. – Душанбе: Сино, 2003. – 104 с.
Забон ва муъҷизаи он. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 146 с.
Луғати мухтасари таълимии тоҷикӣ-русӣ. – Душанбе: Сино, 2006. – 116 с.
Чор унсур: Маъниофарини калимасозӣ: Дар асоси маводи Маснавии маънавӣ. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 266 с.
Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ (маълумоти мухтасар). – Душанбе: Деваштич, 2007. – 172 с.
Хат ва имлои матни классикии тоҷик. – Душанбе: Эр-граф, 2010. – 394 с.
Мақоми «Фарҳанги забони тоҷикӣ дар луғатнигории тоҷики садаи бистум. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2014. – 136 с.
Дар бораи олими маъруф
Солеҳов, М. Омўзгор: Доценти кафедраи забони тоҷикии УДТ ба номи В.И. Ленин М.Н. Қосимова // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 16 апрел.
Собирҷонов, С. Пардозгари ботин: Дар бораи мудири кафедраи забони тоҷикии ба номи В.И. Ленин профессор Мукаррама Набиевна Қосимова // Газетаи муаллимон. – 1988. – 6 декабр.
Каримов, Ш. Чашм сўи чароғ кун…: Мукаррама Набиевна Қосимова – доктори илми филология, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТ // Паёми Душанбе. – 1993. – 24 октябр.
Неъматов, А., Солеҳов, М., Абдулазизов, А. Илмат ба амал чу ёр гардад: Дар бораи омўзгори факултаи забону адабиёти ДДТ Мукаррама Қосимова // Тоҷикистон. – 1993. – 26 ноябр.
Абдулазизов, А., Неъматов, А. 500 асари пурарзиши як олима: Дар бораи забоншиноси шинохта, омўзгори варзида, профессор Мукаррама Қосимова // Омўзгор. – 2013. – 18 январ.
Таҳияи Насиба Дониёрова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.