Иштирок дар конференсияи ғоибона
Нашр шуд 2020-09-18 16:39
Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии Россия Конференсияи VI-уми илмӣ-амалии ғоибона (онлайн) бо иштироки як қатор китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ дар мавзўи «Имконияти хизматрасонӣ ба воситаи Абонементи байникитобхонавӣ ва расонидани ҳуҷҷатҳои электронӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарият ва кормандони шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур асосан масълаҳои вазъи китобхонаҳо ва мушкилоти фаъолияти онҳо дар низоми АБК, ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин самт, омўзиш ва табодули таҷрибаи якдигар ва дигар масоили марбут ба он мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.