Даргузашти Ҷӯрабек Назрӣ – хунёгари мумтоз ва олими шинохта
Ҷӯрабек Назрӣ, хунёгари маъруф, олими шинохта, пажӯҳишгари беҳамто бар асари бемории КОВИД-19 тарки олам кард. Рӯзи иди мубораки Фитр буд, ки ба хок супурда шуд. Ошиқи Худо даъвати Офаридгорашро дар чунин рӯзи Сайид пазируфт ва ошиқонаву муштоқона ба дидори ҳазрати Дӯст шитофт. Руҳаш шоду манзили охираташ нуронӣ бод!
Дар бораи Ҷӯрабек назрӣ то кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд гуфтанду мегӯянд ва мо низ хоҳем гуфт. Намешавад шахсияте чун ӯ ба зудӣ ба боди фаромӯшӣ равад. Садояш, сурудаҳояш, пажӯҳишҳо ва китобҳояш номашро абадан зинда хоҳанд дошт. Ҷӯрабек ҳунарманди соҳибмактаб буд ва садҳо тане дар кишвар ва хориҷ аз он худро таҳсилкардагони ин мактаби ҳунарӣ медонанд ва онҳо то ҳастанд, ёди ин хунёгари бузург мекунанд.
Аз гуфтаҳову навиштаҳои Фейсбук чанд намуна ин ҷо мекорем ва нақли тарҷумаи ҳолу осори ҳунариву илмии Ҷӯрабек Назриро ба вақти дигар мегузорем.
Устод Гулрухсор – Шоири халқии Тоҷикистон:
Вақте ки Лоиқ аз дунё рафт, ман як соли дароз аз дард ҳеҷ чиз гуфта натавонистам чун дар сафар будаму дар вақти гуселаш ба роҳи охират иштирок надоштам . Барои ҳамин ба маргаш ҳам бовар намекардам.
Дӯсти азизи ҳамсабақам Ҷурабек, ба рафтани ту ҳам бовар надорам, наметавонам бигӯям ки ТУ дигар нестӣ, забонам намегардад..Дусти азизи ман,
Ман дар ҳаминҷоям, вақте ки ту аз мо рафтӣ, аммо наметавонам туро ба роҳи охир гусел намоям. Медонистам,ки дардат бедармон аст. Бо духтурон сӯҳбат мекардам вақте ту бехуд буди. Ҳолоҳам имкон надорам, то аз пушти тобутат овоз андозам. Дар дӯстӣ бебаҳо будӣ.Олим,ҳунарманд, дӯсти беҳамто !
.Ба ҳамсари маҳбубат Мунирабону ба фарзандони нозанинат арзи тасаллият дорем. Имрӯз хонадони мо ва шояд бисёр хонадонҳои дигар ҳам барои рафтани ТУ азо доранд. Аммо аз ин ғами фироқ мо тасаллие дорем:Ту дар рӯзи бузургтарин ид, иди саиди фитр ба дидори Ҳазрати Ҳақ шитофтӣ. Роҳат пурнур, рӯҳат шод ,манзили охиратат равшан бод дусти сазовор ,озмуда ва арзандаам Ҷӯрабек.
Ҳамеша мегӯям, ки шеър дард аст, аммо вақте ки дард хело сахт аст, шеър шояд мувофиқи дил арзи вуҷуд накунад. Аммо ин рубоӣ, рубоие ,ки ҳамеша бозгӯи дарду ғами мардуми тоҷик аст, як ахгаре аст аз оташи дард,ки аз пайи тобути ту парвоз хоҳад кард. Алвидоъ, дӯсти беҳамто.
Бо рӯҳи баланд куҳро каҳ дидӣ,
Дар роҳи мурод куталу чаҳ дидӣ.
Бо ин ҳама ормону ирфон эй дӯст,
Афсӯс, дареғ, умр кӯтаҳ дидӣ.
Рӯзи иди рамазон.
24.05.2020
Бо ниёиш Гулрухсор
Ғайратшоҳ Аҳмадзод, журналист.
Хабари даргузашти донишманди номвару хирадпеша, суханшиноси фарзона ва овозхони маъруфи сохибмактаб устод Чурабек Назрӣ зоеъи дардноке барои аҳли илму адаб ва фарҳангу ҳунари мо ва ҳавзаи форсизабонон аст. Бидуни ҳеч тардиде устод яке аз пояҳои муҳками пули иртибот ва дӯстии аҳли форсизабонон, аз ҷумла Тоҷикистону Эрону Афгонистон буд ва фироқаш боиси андуҳи кулли суханшиносони ин қаламрав хоҳад буд. Зеро устод марди ҳамафасливу чандбуъдӣ буд, яъне ҳам олими варзида ва ҳам мутриб ва ҳам овозхони соҳибмактабе, ки аз авохири солҳои 60 то солҳои 90 яке аз баландовозатарин хонандаҳо ба шумор мерафт.
Холо ки сухан аз мактаби ҳунари устод рафт, ҷойи зикр аст, ки дар ин масир ӯ аз аввалинҳост, ки сабки мусиқии хиргоҳии ҳавзаи ҳунарии Дарвозро (ХИРГОХИ-сабк ва услуби махсусест, ки барои иҷрои он садои дардноки қалбӣ, ботинӣ ва шеъри ирфонӣ мебояд,инчунин, сурудаҳо бештар тамоюли ниёиш ва авҷи баланду уфарро тақозо менамоянд),ки ба кӯи фаромӯшӣ афтода буд бо услубу шеваи хос таҷдид шуд ва як равияи тозаи жанри мусиқии тоҷик гардид. Ин сабк имрӯз даҳҳо шогирдонро тарбия намудааст ва эшон қофиларо идома медиҳанд.
Устод Ҷӯрабек Назрӣ аз аввалин дӯстони тоҷики шодравон Аҳмад Зоҳир буд,ки донишу фазилат,суҳбату садои дилнишинаш қалби ин ситораи ҳамешадурахши Шарҳро тасхир карда буд. Шоҳидону сабтҳои бозмонда гувоҳи ин гуфтаҳои болоанд.
Устод аз кулли хунармандони замонаш бо дониши баланд ва маънисароӣ фарқ мекард. Ҳамин фазилатҳо буд, ки солҳои 70 ва 80 дар ҷодаи ҳунар шуҳрати хеле болоро аз они худ карда буд. Новобаста аз синни ҷавонӣ дар он солҳо дар мактаби маддоҳӣ-яъне наътхонӣ низ хеле муваффақ буд.
Инчунин, ӯ аз аввалинҳост, ки аз ашъори Мавлавӣ (1966) ва Муҳаммад Иқбол дар репертуараш фаровон истофода мекарду месуруд.
Устод аз нахустинҳост, ки баян, аккордион, армуния ва мандалинро дар гурӯҳи ҳунариаш шомил карда буд. (Он солхо армунияро факат устоди шодравон Хуршед Алидод, ки аз Афғонистон омада буд, дошт).
Гуфтаниҳо зиёданд, вале меҳохам хеле кутоҳ бигӯям, ки устод бешак ходиму хидматгузори беҳини илму адаб ва фарҳангу хунар буданд... Як вижагии дигари устод ҷасорат, шуҷоат ва ҳакгӯии ӯ буд.
Зоеъаи даргузашти ин донишманди номвар ва ҳунарманди маъруфро ба кулли мухлисон, азизон ва ба хонаводаи мархум таслият арз мекунам ва аз Худованди мутаъол барои ӯ раҳмату ғуфрон масъалат дорам.
Марям Давлатова, равоншинос:
Акаи Ҷӯрабек. Хотираҳои зиёде ҳоло пеши назар меоянд. Барои ҳамаи онро навиштан фурсат ва пазируфтани сафари охирати шумо лозим аст. Ҳоло танҳо яке аз онҳоро мехоҳам ин ҷо сабт кунам. Давраи бисёр зебои солҳои 80 ум. Эҳёи ифтихори миллӣ. Давраи кори ман дар низоми Академияи улум.
Акаи Ҷӯрабек директори кулли чанд осорхонаи адабиву меъморӣ -устодон Айнӣ, Турсунзода, Лоҳутӣ ва Раҳимӣ. Ман хоҳарамро ба шавҳар медодаму ҳамкоронро, ки чун аҳли як оила будем, ба тӯй даъват кардам. Базм дар рӯйи ҳавлии иморвтҳои панҷошёнаи мо баргузор мешуд. Номи Ҷӯрабек Назриев ҳамчун овозхон хеле машҳур буд. Сарояндагони базмро тарафи домод таъмин карда буд. Вале акаи Ҷӯрабеки ман, дар айни базм аз хонаи кадом шогирд тореро пайдо намуда, ба дастаи ҳофизон пайваст. Шукӯҳи базм ба осмонҳо расид. Аз тамоми шаҳраки 61 ва 63 мврдум ба ҳавлии мо ба қавле "гарамид". Ин лаҳза шояд барои ҳофизони имрӯза нофаҳмо ҳам бошад. Бе илтимоси соҳиби тӯй, бе пул танҳо барои шодии дили рафиқи ҳамкор консерт додан. Вақте ки ҳангоми гусел ташаккур гуфтам, акаи Ҷӯрабек хам шуда маро ба канор гирифтанду гуфтанд: садқаи чашмот хоҳари акаш. Хостам, ки хурсандита бинам. Ва ҳоло дигар он чеҳраи банур, он қомати шамшодӣ, он садои биҳиштиро танҳо дар видеоҳо хоҳем диду шунид.
Ёдат ба хайр бародари қиёматӣ.
Нуриддин Ҷаронӣ, ҳунарманд
Дар сӯги устод Ҷӯрабек Назри.
Ёдат ба хайр, эй ки сафар кардӣ, охират,
Ёдат ба хайр, гаштӣ раҳо аз мусофират.
Ид аст рӯзи васлу висол хоса рӯзи ид,
Дар пешгоҳи ёр баланд буда хотират.