Ашъор дар бораи устод Қаноат

Рустам ВАҲҲОБЗОДА. Шаҳодати Инсон
Ба таъзими устод Муъмин Қаноат

Нигоҳи равшани ту обшори Яздон буд,
Сукути лаҳзаи ту достону девон буд.

Силеҳи сулҳ намондӣ зи даст то дили хок,
Ҳамеша хонақаҳат арсагоҳу майдон буд.

Сурӯши минавият раъди аҳриманафкан,
Ниёишат нафаси ҷонфишони Раҳмон буд.

Ҳазор соли дигар дар қаламрави Хуршед
Нидо кунанд, ки “ӯ шоири Хуросон” буд.

Ғамат ба сина ниҳон ҳамчу ганҷи Қорун буд,
Нишот дар кафи ту парчами парафшон буд.

Иёри шеъри ту ҷуз дурри Рӯдакӣ набувад,
Ки дар сиришти ту фарҳанги Оли Сомон буд.

Зи ҷумла рутбаву унвону ифтихори ҷаҳон
Ҳамин бас аст, ки Исми ту Тоҷикистон буд.*

Барои насли башар дафтари муҳаббати ту
Шаҳодатест, ки қарни ту қарни Инсон буд.

Ниҳода тан ба Ватан, ҷон бар осмон бурдӣ,
Чӣ ҷовидона нишастӣ, чӣ ҷовидон бурдӣ.

 

* Ишора ба достон ва девони "Тоҷикистон - исми ман".

 

          Дар бораи устод Қаноат

 

 

Барчаспҳо: