Достонхо

Баргузидаи осори Мӯъмин Қаноат дар чандин баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъии гуногунзабон, дар гулчини ашъори «Шарора» (1960), «Ситораҳои замин» (1963), «Роҳҳо ва болҳо» (1964), «Мавҷҳои Днепр» (1966), «Достони оташ» (1966), «Сурӯши Сталинград» (1979), «Осори мунтахаб» (дар ду ҷилд, 1982), «Гаҳвораи Сино» (1983), «Китобҳои захмин» (1983), «Ситораи Исмат» (1990), «Аз Бесутун то кунун» (1992), «Меҳри сипеҳр» (2007), «Сурӯши Сталинград» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 2011), «Эътиқодим» (Тошканд 1981), «Колыбель Авиценны» (Маскав, 1982), «Сокровища братских республик» («Днепро», 1982), «Сталинград даусы» («Жалын», 1982), «Избранное» (Маскав, 1984), «Версур» (Кишинёв, 1985), «Сталинград дауси» (Фрунзе, 1982), «Гулчини ашъор» (Теҳрон, 1994), «Голоса Сталинграда» (Волгоград, 2014) ва ғ. дастраси умум гардонида шудаанд. Дар матбуоти даврӣ зиёда аз 50 тақриз, мақола, матни суханронии Мӯъмин Қаноат ба забони тоҷикӣ чоп шудааст. Инҳо барои фаҳмидани назари адабию эстетикии Қаноат, мавқеи расмию шахсии шинохти адабиёт аҳамияти муҳимеро доро мебошанд.

ГАҲВОРАИ СИНО

ДОСТОНИ ОТАШ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАВҶҲОИ ДНЕПР

МАСЪУДНОМА

ПАДАР

СИТОРАИ ИСМАТ

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН исми ман

ҲАМОСАИ ДОД

Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: