Донишманди хуби Шашмақом ва сарояндаи мумтози таронаҳои классикӣ Абубакр Зубайдов бар асари бемории короновирус тарки олам кард. Абубакр Зубайдов 62 сол дошт ва яке аз донишмандони варзида дар илми Шашмақом ва Фалак маҳсуб мешуд. Таърихи мусиқии муосири тоҷик хеле кам касонро суроғ дорад, ки мисли Абўбакр Зубайдов дар санъати мусиқӣ назарияро бо амалия омезиш дода бошанд. Мавсуф на танҳо сарояндаи мумтози “Шашмақом” буд, балки аз пажӯҳишгарони шинохтаи санъати мусиқии классикии тоҷик низ маҳсуб меёфт. Вай дар илми мусиқӣ ва таърихи созу наво даҳҳо мақолаҳо навиштааст ва исбот кардааст, ки инсон метавонад худ ҳам сароянда бошад ва ҳам пажӯҳишгари мумтози ин таронаҳо.
Абӯбакр Зубайдов 1 июли соли 1958 дар деҳаи Ворў, ноҳияи Панҷакент, вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Сароянда, мутриб – таронасаро, номзади илмҳои таърих (2005), дар мавзўи «Таърихи фаъолияти ҳунармандони Тоҷикистон дар солҳои 30-80-уми асри XX» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Барандаи ҷоизаи фестивал – конкурси телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-96» (1996), аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) мебошад.
Абўбакр Зубайдов баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (1975) таҳсилро дар шуъбаи суруд ва мусиқии факултаи корҳои маданию фароғатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1975-1979) идома дода, онро бо дипломи имтиёзнок хатм намудааст.
Баъдан фаъолияти кориаш дар ҳамин донишкада идома ёфта, омӯзгор, омӯзгори калон, мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (1993-1998), мудири кафедраи «Тарбияи мусиқӣ» (1998-2003), мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (2004-2006), декани факултаи мусиқӣ-омўзгорӣ (2006), дотсент (2006) будааст.
Абўбакр Зубайдов шоха, гўшаҳои мусиқии устодона «Кўчабоғи ду», «Талқини Бухоро», «Қашқарчаи талқини Бухоро», «Уфари Талқини Бухоро» ва сурудҳои зиёдро бо сабки хоса иҷро намуда, дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабт намудааст.
Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи таҳқиқӣ оид ба анъанаҳои эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик аст. Зубайдов инчунин дар тарбияи насли иҷрогарони ҷавони мусиқии мардумию устодона саҳми хоса гузошта, шогирдонаш имрўз дар дастаҳои ҳунарии Тоҷикистону Ўзбекистон ҳунарварӣ менамоянд.
Бозчоп аз “Донишномаи Шашмақом”. – Душанбе, 2009. – С. 77-78.
Аз Абӯбакр Зубайдов дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин мақолаҳоро бихонед:
Ганҷина бо ганҷбон ғанист: Чанд мулоҳиза доири фаҳмиш ва тарғиби “Шашмақом” // Комсомоли Тоҷикистон. – 1986. – 12 декабр.
Мухтасар дар бораи созҳои мусиқии халқи тоҷик // Паёмномаи фарҳанг. – 2012. – №3. – С. 14-21.
Таърихи ташаккул ва таҳаввули шашмақом ва омўзиши он дар замони ҳозира // Паёмномаи фарҳанг. – 2013. – №22. – С. 83-87.
Пайванди Мавлоно Ҷомӣ бо «Шашмақом» // Баҳори Аҷам. – 2014. – 8 август.
Навои Борбад дар ҳар мақомаш: 12 май рўзи Шашмақом // Баҳори Аҷам. – 2016. – 13 май.
Ҷаҳони тоҷикон дар “Шашмақом” аст: Ба муносибати Рўзи Шашмақом // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 12 май.
Зубайдов, А., Низомов, Х. Мақоми “Фалак” дар фарҳанги мусиқии тоҷикон: Суҳбати Маликаи Самад бо муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳангу иттилоот Абўбакр Зубайдов ва мусиқишинос, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомов // Тоҷикистон. – 2016. – №9-10. – С. 29-30.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ