Чӣ бояд кард, ки китобхонаҳо маркази илму фарҳанг бошанд?

Имрӯз китобу китобдорӣ ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ин масъала аз иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Ба ин масъала дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Андешаҳои директори Муассисаи давлатии «АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон», дотсент Қурбоналӣ Буризодаро дар ин робита пешниҳоди хонандагон менамоем.

- Баҳое, ки Сарвари давлат ба китобхонаҳо доданд, арзанда буд. Барҳақ таъкид гардид, ки: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Моҳиятан китобхона дар ҷомеаи имрӯза ба ниҳоди (институти) муқтадири маънавию иттилоотӣ мубаддал гардидааст, ки ба идораи он мутахассисони баландпояи ҳирфаӣ бояд ҷалб шаванд.

- Дар замони шӯравӣ байни китобхонаҳо ҳамоҳангӣ ва мубодилаи китобу таҷриба мавҷуд буд. Барои мисол, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун маркази илмӣ, методии дигар китобхонаҳои мамлакат маҳсуб меёфт. Ҳоло ин низом вуҷуд дорад?.

- Ин як таҷрибаи хуб барои пешбурди кори соҳа аст. Хушбахтона, дар айёми соҳибистиқлолӣ баҳри танзими фаъолияти соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд ва қарору барномаҳои зиёди давлатӣ ба тасвиб расиданд. Дар пойтахти кишвар зеботарин ва бузургтарин бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд ёфт, ки имрӯз фаъолияти густурда дорад. Ба зиммаи кормандони ин марказ ҳамзамон идора, таъмини рушди фаъолияти илмию методӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ ва амалии тамоми китобхонаҳои кишвар меистад. Бинобар ин, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бояд ашхосе ифои вазифа намоянд, ки пеш аз ҳама, дорои тахассуси касбӣ, малакаи кор бо таҷҳизот ва технологияҳои муосир буда, аз равандҳои хадамотию иттилоотӣ, захираҳои анъанавӣ ва электронӣ, шабакаҳои иттилоотӣ оид ба захоири маҷозии китоб, самтҳои гуногуни фаъолияти китобдорӣ ва ғайра огоҳ бошанд. Китобдор ва  дигар масъулони ин боргоҳи дониш бояд ба касб, ба Ватан ва миллат садоқат нишон диҳанд. Вале, мутаассифона, солҳои охир дар аксари китобхонаҳои кишвар «китобдорон»-е рӯи кор омадаанд, ки аз нозукиҳои соҳа огаҳӣ надоранд.  Аз ин рӯ, теъдоди китобхонон сол то сол коҳиш меёбад, чорабиниҳо самаровар нестанд. Ин вазъияти ташвишоварро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар вохӯриҳои худ бо аҳли ҷомеа, таъкид ва роҳи ҳалли онро пешниҳод карданд. Дар ин робита озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» идомаи мантиқии ибтикори мақсаднок ва муваффақи Пешвои миллат маҳсуб мешавад.

- Ба андешаи шумо фаъолияти китобхонаҳо дар маҳалҳо чӣ гуна аст ва барои рушди онҳо чӣ корҳоро бояд анҷом дод?

- Вазъи соҳаи китобдории кишвар дар маркази ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо бад нест. Ин китобхонаҳо ба маблағгузорӣ дастрасӣ доранд ва фаъолияти хешро то андозае ба низом даровардаанд. Аммо, кори аксар китобхонаҳои деҳот имрӯз ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Сабабҳо бисёранд ва аз ҳама асосӣ дур мондан аз манбаъҳои маблағгузорӣ, таваҷҷуҳ зоҳир накардани роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба онҳо мебошад. Барои мисол, роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ барои рушди китобхонаҳои деҳот маблағи ночиз ҷудо менамоянд, ки барои фаъолияти пурмаҳсули онҳо кифоя нест. Такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии китобдорони деҳот, ки бо роҳкиро, ғизо ва ҷойи хоб бояд таъмин гарданд, аз мушкилоти дигар аст. Ҳол он ки бо таъсири ҷаҳонишавӣ ҳар се ва ё камаш дар панҷ сол бояд китобдор аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузарад. Маркази ягонаи банизомдарории фаъолияти китобхонаҳо ва таъмини васоити техникӣ, илмию методии онҳо дар ҷумҳурӣ фаъол нест. Аз ин рӯ, чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ бе ҷалби кормандони китобхонаҳои деҳот баргузор мегарданд.

Аз ин хотир, дар Паём Пешвои миллат иброз доштанд, ки «…роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд». Бовар дорем, ки ин иқдом на танҳо ба рушди китобхонаҳои деҳот мусоидат менамояд, балки фазои маънавию фарҳангӣ ва иттилоотии кишварро солим, дастрасии аҳолии деҳотро ба китобу матбуот имконпазир мегардонад.

- Роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда кадомҳоянд?

- Дар ин бобат низ дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилкушоянд. Зимни ироаи Паём Президент ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки ба хотири баланд бардош­тани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд. Дар ин робита бо ибтикори Пешвои миллат аз ҳисоби Фонди президентӣ чоп ва тақдим намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» ба тамоми аҳолии кишвар хеле муҳим ва бамаврид аст.

Вобаста ба ин иқдоми арзишманд пешниҳод менамоем: китобҳое, ки тавассути маблағҳои Фонди президентӣ ё барномаҳои давлатӣ интишор гардида, дар нашриёт нигоҳдорӣ мешаванд, ба китобхонаҳое, ки зарурат доранд, ройгон аз номи Сарвари давлат туҳфа шаванд. Ҳамчунин, рӯйхати китоб, маҷалла ва рӯзномаҳое, ки барои баландбардории сатҳи маърифатнокӣ, донишандӯзӣ ва иттилоотонии аҳолӣ зарур аст, ҳар сол аз ҷониби вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, бо ҷалби коршиносони пажӯҳишгоҳҳои марбутаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад.

Илова бар ин, моро зарур аст, ки сохтори нави муассисаҳои фарҳангиву иҷтимоии деҳотро пешниҳод намоем. Корро бояд тарзе ба роҳ монд, ки китобхонаҳо ҷойи фароғатии аҳли деҳот, макони баргузории маҷлису вохӯрӣ ва дигар чорабиниҳо бошанд. Имконият барои расидан ба ин ҳадаф зиёд аст, танҳо онҳоро самаранок бояд истифода бурд. Масалан, агар ҳар як хоҷагӣ соле як китоб ба китобхона туҳфа намоянд, ба манфиати сокинони деҳа аст. Ё ин ки тавассути ҳашар метавон биноҳои китобхонаҳоро таъмир кард ва ё аз нав сохт. Ҳамчунин, амали савоб мебуд, агар сармоядорони деҳот онҳоро бо компютер ва ё таҷҳизоти дигар муҷаҳҳаз мегардонданд, ки аз ин амали савоб хоҳад буд.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

Бознашр аз «Садои мардум»

Барчаспҳо: