“Роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Нашр шуд 2020-02-20 10:12
Баъд аз зуҳри рӯзи 19-уми феврали соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мизи мудаввар бо иштироки коршиносони соҳаи китобдорӣ зери унвони “Роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол оғоз намуд.
Дар мизи мудаввар доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода , директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодимаҳмад Сӯфизода, сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода , директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотӣ оид ба фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода, директори Агентии миллии созмони рақамгузори стандартии байналмилалии китоб – Хонаи Китоби Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Қурбоналӣ Бӯризода, доктори илмҳои таърих, професори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Сайдалӣ Муҳиддинов, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи китобхонашиносии Донишкадаи Давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Сафар Шосаидзода ва декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода суханронӣ карданд.
Дар нишаст барои рушди соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон оид ба омода намудани кадрҳои соҳавӣ, тайёр намудани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои илмӣ –методӣ, таҳияи барномаҳои рушди китобхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳот, ҳамкорӣ намудан бо созмону ташкилотҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ, мутобиқ намудани хизматрасониҳои китобхонаҳо ба замони муосир, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаҳои китобхонаҳои ҷаҳон дар ҷумҳурӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО