Вазири ботадбир

 Дар замони вазирии Меҳрубон Назаров фарҳанги миллии тоҷик инкишофи назаррас ёфт. Масъалаҳои ташкил намудани ҷавонони овоздори мо ба номи Маҳмуҷчон Воҳидов  ва ба кор андохтани донишкадаи санъат дар пойтахт, фаъолияти ансамблҳои «Лола», “Гулшан» ва ғайра дар ҳамон вақт ба вукўъ пайваста буданд. Як зумра ҳунарварони ҷавон ба мисли Малика Собирова, Ҷўрабек Муродов, Маҳмудҷон Воҳидов, Зебо Аминзода, Майсара Дилдорова дар ҳамон солҳо шуҳратёр гардида буданд. Меҳрубон Назаров асосгузори санъати театрии Афғонистон аст. Ў дар муддати ду соли мушовирӣ дар соҳаи фарҳанг дар саҳнаи театри Кобул Нандори» спектаклхои зеринро ба саҳна гузоштааст: «Ў падарам нест», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Шамъҳое, ки  месўзанд», “Марде, ки номаш фаромўш шудааст» ва ғайра.

 Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, профессор, собиқВазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи иҷрои вазифаҳои масъул ҳамвора ба таҳқиқу тадқиқи соҳаи фарҳангшиносӣ ва санъатшиносӣ таваҷҷухи амиқ зоҳир мекард.

 Фаъолияти пажуҳиш ва тадқиқотии Мехрубон Назаров ҳамчун санъатшинос аз соли 1945 оғоз меёбад. Худи ҳамон сол аввалин мақолаи ў дар рўзномаи «Тоҷикистони сурх» ба табъ мерасад, ки дар он мулоҳизаҳои ҷолиб роҷеъ ба саҳнаи театри мазҳакаи мусиқии шахри Хоруғ гузошта шудани намоишномаи «Қишлоки тиллоӣ»- и Мирсаид Миршакар арзёбиӣ шудаанд.  Солҳои минбаъда низ Меҳрубон Назаров оид ба муаммоҳои рушду такомули санъати миллии тоҷик, нақши он дар ташаккули маданияти миллиӣ такмили фаъолияти муассисаҳои фархҳнгӣ, бахусус театр, китобхонаҳо, дастаҳои ҳунари маҳфилҳои худфаъолиятии бадеӣ асару мақолаҳои пурарзиш иншо намуд. Мақолаҳои «Эҷодкорони ҷавон» (с.1946), «Театр дар Помир» (с.1948), Тараққиёти эҷодии санъати Помир» (с.1949), «Театр дар Афғонистон»(с.1961), «Китоб ба ҳар як оила» «Кори китобхонаҳо  - ба дарачаи вазифаҳои нав», (с.1962),  «Ҳунархои зебо дар Тоҷикистон» ва дигар асархои олим аз нигоҳи тақозои ҳамон айём кӣшиши аввалин дар тадқиқу таҳқиқи муаммоҳои мубрами соҳаи фарҳангшиносӣ ва санъатшиносӣ маҳсуб меёбад. Соли 1961 аввалин монографияи Меҳрубон Назаров таҳти унвони «Санъати ҳалки тоҷик» ба табъ мерасад, ки дар он паҳлуҳои мухталифи рушд ва ташаккули навъҳои гуногуни санъати миллӣ, аз қабили санъати мусиқӣ, театрӣ, тасвирӣ, синамо мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд

  Андешахои  олим перомуни инкишофи робитаҳои мутақобили фарҳанги Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор, ба хусус Афғонистону Эрон ва ҷумҳуриӣҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар китобҳои «Братство культур русского и таджикского народов», «Наш солнечный край» (с.1968), «Искусство сближает людей» (1973) инъикоси воқеӣ пайдо карданд.

 Драманависӣ паҳлўи дигари фаъолияти эҷодии Меҳрубон Назаров мебошад. Дар ин ҷода у низ комёбу муваффақ шудааст.  Асархои драмавии Меҳрубон Назаров «Найрангшоҳ», «Орзу», «Дасти дўст», «Ҳалокати одат», «Пайроҳаҳои оташин», «Ақида», «Бахти ман, бахти шумо» рўйи саҳна омада, дар театрҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Асоси ғоявии асарҳои  саҳнавии Меҳрубон Назаровро тасвири ҳодисаву воқеаҳои муҳими таърихӣ, тарғиби некию накўкорӣ, дўстиву бародарӣ, хақиқату адолат ва парвариши фазилатҳои беҳтарини инсонӣ мардумнавозию башардустӣ ташкил медиханд.

Чанд саҳифаи таърих. Иқтибос аз очерки Саломиддин Мирзораҳматов “Фоҷеаи Улҷабоев”

Соли 1941, дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар яке аз рустоҳои дури Помир Турсун Улҷабоев бо Меҳрубон Назаров шинос шуд. Он вақт Т.Улҷабоев Котиби КМ комсомол буд ва омад, ки кори ҷавонони Помир дар ақибгоҳро роҳандозӣ кунад. М.Назаров коргардони театри вилоятии драмавии Хоруғ буд. Ин шиносоӣ оғозе буд, ки тамоми умр аз таҷриба гузашт ва идома дошт. 

Дар ҳамаи вазифаҳои давлативу ҳизбӣ Улҷабоев ба болоравии шуҳрати касбии дӯсташ таваҷҷуҳ мекард. Соли 1951 хабарнигори махсуси нашрияи ҳизбии “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) М. Назаров бо тавсияи сардори шуъбаи таблиғоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба Мактаби олии ҳизбии назди КМ ВКП(б) ба шаҳри Маскав фиристода шуд. 

Соли 1954 баъди анҷоми таҳсил дар ин мактаби олӣ М.Назаров мудири шуъбаи таблиғоти ҳизб дар Помир таъин шуд. Пеш аз сафараш ба Хоруғ вай назди дӯсташ Улҷабоев, ки он вақт Котиби КМ ҳизб буд, даромад, то миннатдорӣ изҳор кунад ва озими сафар шавад. Вале Улҷабоев сарнавишти дӯсташро дигаргуна ҳал кард:

– Помир намеравӣ,- қатъӣ гуфт ӯ. - Ту одами фарҳанг ҳастӣ, коргардон, нависанда-дромнавис ва журналист. Гузашта аз ин хатмкардаи омӯзишгоҳи бадеии Сталинобод, Донишкадаи санъати шаҳри Ленинград ба номи Станиславский ҳастӣ. Таҷрибаи актёрӣ ва коргардонӣ дорӣ. Ҳоло бомуваффақият мактаби олии ҳизбиро ҳам хатм кардӣ. Ин гуна кадрҳо сари роҳ намехобанд. Дар Вазорати фарҳанг чун сардори раёсат кор хоҳӣ кард!

Соли 1956, вақте Котиби аввали ҲК интихоб шуд, дӯсташ Меҳрубон Назаровро ҷонишини аввали Вазири фарҳанг таъин кард. 

Охири солҳои 50 баъди ҷаласаи тантанвӣ бахшида ба солгарди инқилоби Октябр консерти идона баргузор шуд. Дар он ҳунармандони маъруфе чун Туҳфа Фозилова, Ҳанифа Мавлонова, Раъно Ғолибова, Ашӯра Носирова, Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ва дигарон баромад карданд. Ғайриинтизори ҳамагон Турсун Улҷабоев ба саҳна баромад ва ба ҳозирин муроҷиат намуд:

 – Дӯстони азиз! Ман ба саҳна ҷонишини Вазири фарҳанг Меҳрубон Назаровро даъват мекунам ва аз ӯ хоҳиш мекунам монологи Незнамов аз песаи драматурги рус Островский “Гунаҳгорони бегуноҳ” иҷро кунад. Марҳамат Меҳрубонҷон!

Меҳрубон Назаров ин монологро хеле бо маҳорат иҷро кард. Толор ба ваҷд омад. Ҳамагон дурудароз аз ҷой бархоставу барояш кафкӯбӣ карданд.  

Боре як корманди дастгоҳи КМ, нозири фарҳанг ба Улҷабоев пешниҳод кард, ки Меҳрубон Назаровро аз вазифаи ҷонишини аввали Вазири фарҳанг озод кунад, чун вай наметавонад аз уҳдаи вазифаҳои худ барояд. Улҷабоев, ки ҳамзамон бо шӯхиҳои истеҳзоомез низ машҳур буд, аз ӯ хоҳиш кард, аввал ба бозори Шоҳмансур равад ва калонтарин қуфли бозорро бихарад. 

– Қуфл барои чист?, - бо тааҷҷуб пурсид нозир.

– Баъди барканории Назаров мешавад, ки ба дари ин вазорат калонтарин қуфлро овезем”- бо заҳрханд посух дод Улҷабоев. – Ва оё ҳоло мешавад, ки ба шумо сарнавишти кадрҳои фарҳангро бовар намоем, дар ҳоле ки то кунун Меҳрубон Назаровро нашинохтаед?!

Ҳамаи ташаббусҳои Меҳрубон Назаров аз ҷониби Улҷабоев пуштибонӣ меёфтанд.

Руҷуъ

Порае аз хотироти Меҳрубон Назаров:

«Муроҷиати чандинкаратаи мо ба Вазорати фарҳанги ИҶШС дар мавриди ташкил кардани як ансамбли этнографӣ дар Помир натиҷа намедод. Он вақт илоҷи дигар намонд ва худи Улҷабоев дастбакор шуд. Ҳамроҳ бо Додхудоев вай ба котиби КМ КПСС Михаил Суслов муроҷиат намуд.

– Дар Тоҷикистони Шумо театрҳо ҳастанд, боз ансамбли мусиқӣ чӣ лозим?- пурсид Суслов.

 – Барои тоҷикон Помир хонаи ҷаҳонии мусиқист. Агар ин хонаи мусиқӣ ансамбли худро надошта бошад, аз рӯи адолат нест. Дар назди сокинони Куҳистони Бадахшон хиҷолат мекашам,- посух дод Улҷабоев.

– Турсуҷон, ман туро фаҳмидам, дар Помир ансамбл мешавад,-гуфт Суслов.

 Масъалаи ҷудо намудани воситаҳо барои ташкили ансамбл хеле ба зудӣ ҳал шуданд. Ансамбли этнографӣ дар як муддати кутоҳ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар хориҷ аз он шуҳрат ёфт. Аввалин барномаи консертии он дар Маскав бо муваффақият баргузор шуд, ки дар он Никита Хрушев ширкат кард(Нашрияи “Адабиёт ва санъат», 31-уми январи соли 1991 года).

 Дар шуъбаи адабиёт ва фарханг ва хунар асархои драмавии «Дасти дуст», «Орзу», «Халокати одат», «Бахор дар Помир», «Пагох имрӯз сар мешавад», “Пайрохахои оташин», монографияи Мехрубон Назаров тахти унвони «Санъати халки точик», Сталинобод,1961,  махфуз аст. Хонандагон метавонанд аз онхо истифода баранд.

Адабиётҳои истифода шуда:

1. Назаров Мехрубон Санъати халки точик. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии Точикистон, 1961. – 291саҳ.

2.Файзов Маҳрам Меҳрубон Назаров (Саҳифаҳо аз рўзгор ва фаъолият) – Душанбе: Ирфон, 2002.– 96 саҳ.

3. С.Мирзораҳматов, “Фоҷеаи Улҷабоев”

 Таҳияи Нигина Маҳмудова

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.