Виктор Дубовитскийро шиносем
Нашр шуд 2019-12-16 15:13
Дубовитский Виктор Василевич 30 майи соли 1954 дар вилояти Чкаловский таваллуд ёфтааст (ҳоло Оренбург). Муаррих, нависанда, д. и. таърих (2004) . Хатмкардаи факултети таърихи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ; 1976), Референти ноиби Президенти АИ ҶШС Тоҷикисон (1976-1980) х.х.и. шуъбаи таърихи илм ва техника (1980 -1990) ҷонишини директор оид ба илм (11990-2012).
Мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Инстститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз феврали 2012), ҳамзамон муаллимаи калон ва дотсенти кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалии ДСРТ (1997-1912).
Рисолаи докторӣ: “Таърихи ташаккулёбии низоми муносибатҳои геополитикии Русия ва Осиёи Миёна дар солҳои 1700-2002”. Муаллифи 2 рисола ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ-омавӣ оид ба таърих, геополитика, мурдумшиносӣ, диншиносӣ ва ғайра.
Самтҳои асосии таҳқиқот: таърихи ташаккули муносибатҳои Руссия Киевӣ то замони муосир, геолотика, масъалаи диаспораҳои русҳо дар Осиёи Марказӣ.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе: Адиб, 2013. – Ҷ. 6. - С. 208.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Дубовитский ин матолибро метавонед бихонед:
Дар дарвозаи шарқ. – Душанбе: Орбита, 2012. – 196 с.
Дубовитский,В., Дувитская,И. Ғалабаҳои бузург дар ҷанги бузург: Талафоти ҷонӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон:1931-1945 // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2017. – 14 сентябр.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ