Аввалин маҳфили “Равшандилон” баъди таътили тобистона

  Бо гузашти ҳудудан як моҳ аз таътили тобистон аъзои маҳфили “Равшандилон”-и Шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллӣ аввали ҳамоиши худро барпо карданд. “Равшандилон” як маҳфили эҷодкорон дар миёни афроди имкониятҳояшон маҳдуд аст, ки моҳе як маротиба баргузор мешавад.

  Ин бор садри маҳфил аъзои фаъоли шуъба, шоир Раҳматуллои Раҳим буд, ки бо ин ду мисраъ маҳфилро ҳусни оғоз бахшид:


 Офтобо равшанӣ гир аз дили Равшандилон,

Равшанистон ҳаст кишту ҳосили Равшандилон.

  Дар маҳфили имрўза сенздаҳ нафар аъзои фаъоли он иштирок намуданд. Ҷомӣ, Раҳматулло, Меҳроҷ, Зарина, Фариддун, Хомиса ва Моҳитобон ва дигарон дар бораи се моҳи таътил ва дурӣ аз маҳфил ҳикоят карданд. Маълум шуд, ки барои аъзои ин маҳфил се моҳи таътил ҳам беҳуда набуд.  

  Моҳишаъбони Ҷумъахон донишҷўи соли дуюми забони инглисии факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар бахши тарҷум онии ин факулта таҳсил мекунад ва орзу дорад, ки як тарҷумони хуб шавад.

  Вай зодаи ноҳияи зебоманзари Ховалинг буда, дар деҳаи Доробии он 15 ноябри соли 2000 дида ба олам кушодааст.

  Шиораш дар зиндагӣ: «Аз ҳама кори душвори дунё бекор гаштан аст»

  Худбаҳодиҳӣ ва худхоҳиро дўст намедорад. Дар вақти холигиаш бо эҷодиёт машғул мешавад.

  Ин духтараки кушодачеҳра, сухандон дар ҳама бахшҳои маҳфил фаъолона иштирок меварзад ва ҳамеша дар ҷустуҷўи навоварӣ аст, хеле кунҷков аст.

  Ба нобиноии худ нигоҳ накарда, ҳамеша шеър ва тарона эҷод менамояд. Ин мисраъҳо аз ӯст:

Тоҷикистон, эй кишварам.

Эй ҳастиям,ҷон модарам,

Эй миллати овозадор.

Баҳри   ту аз ҷон бигзарам.

Ҳастӣ ба ҷон баробар.

Эй миллати сулҳпарварам,

Дар дил зи хурдӣ то абад.

Меҳри туро мепарварам.

  Ў гуфтаи бузургонро ҳамеша сармашқи зиндагиву кори худ мекунад. Ин мақоли халқиро сармашқи кори худ кардааст: “Нангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд”.

Азиза Назарова,

сармутахассиси Шуъбаи маъюбони

Китобхонаи миллӣ.