Афсонаҳо ва ривоятҳои халқи Ҳиндустон
Афсонаҳо ва ривоятҳои халқи Ҳиндустон
Ҳиндустон мамлакати сераҳолӣ ва сермиллат аст. Он дорои 18 забони давлатӣ : ҳиндӣ, банголӣ, маратҳӣ, гуҷаратӣ, панҷобӣ, ория, ассамӣ, кашмирӣ, тамилӣ, телугу, малаялам, каннада, урду, синдҳӣ, непалӣ, манипурӣ, биҳорӣ ва санскрит буда, ҳазорҳо лаҳҷаҳои гуногунро дорад. Ҳар як забон ва ҳар як лаҳҷа дорои фолклори худ аст, ки бо хусусиятҳои миллӣ ва маҳаллиаш аз ҳамдигар фарқкунандаанд. Вале баъзан ҳамон як афсона ва ё ривояту достонҳо, ҳарчанд сужаи як дошта бошанд ҳам, бо ҷою макон ва қаҳрамони худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.Баъзан ин тавр ҳам мешавад, ки бисёр достону ривоятҳо ва афсонаҳо аз байн беному нишон ғайб мезанад ва ҷои онҳоро афсонаҳои нав мегиранд.
Хонандагони тоҷик дар бораи Ҳиндустон маълумоти зиёде доранд. Аз таърих, адабиёт, табиат ва аҳолии ин кишвари афсонавӣ бохабар аст. То он даме, ки дар Ҳиндустон адабиёти хаттӣ пайдо шуд, халқи он дорои эҷодиёти даҳанакӣ буда, ҳикоя, ривоят, афсона ва достонҳоро насл ба насл нақл мекарданд. Далерӣ ва бузургии қаҳрамонҳои халқӣ, худоҳо, симоҳои асотирӣ ва афсонавиро дар тасвирҳои ғорҳои Аҷанта, дар деворҳои сангини кўҳҳои азими Ҳимолой дар шакли муҷассамаҳо ва ғайра нишон медоданд. Яке аз роҳхои сермаҳсули паҳншавии фолклор дар Ҳиндустон шунидан ва пас ба насли оянда расонидани ривояту афсонаҳои аз бобою бибӣ, падару модар ва достонсароёни махсус мебошад.
Халқи Ҳинд бо бисёр халқҳои ҳамсоя муносибатҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ – иҷтимоӣ дорад. Жанрҳои афсона, латифа, зарбулмасалу мақол ва ғайра дар фолклори халқҳои ҳамсоя аз ҷиҳати мазмун, жанрҳо, симоҳо ва сужаҳо басо монандиҳо доранд. Чуночи, фолклори ҳиндӣ, тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ. Ин навъ ягонагӣ ва наздикӣ бо таърихи гузаштаи ин халқҳо ва муносибатҳои онҳо вобаста аст.
Дар гузашта афсонагўи ва афсонашунавӣ дар шаҳру деҳот, дар байни табақаҳои гуногуни ҷамъият, бачагону занону мардон ба таври васеъ ҷорӣ буд. Ҳар як гўянда дар нақли афсонаҳо аз рўи ҷаҳонбинӣ, тиннат ва хулқу атвори худ амал мекард.Ин хусусиятҳо ҳам ба таври гуфтор ва ҳам мазмуну афсонаҳое, ки ки нақл мекунад, падид меояд.
Дар соатҳои ис тироҳат, дар вақтҳои аз кору бори зиндагӣ фориғ гардидани мардум гўяндаҳои афсонаҳо, латифаву ривоятҳо ва достонҳо, ки овози хубе доранд ва нақл карда истода, сурудҳои афсонаҳоро месароянд. Одамоне дучор мешаванд,ки ҳамчун гўяндаҳои афсонаҳои ҳаҷвӣ низ машҳуранд.
Ҳикояҳои хурди пандомез дар бораи ҳайвонҳо, ҳикояҳои пур аз воқеаҳои ғайритабиӣ,ҳикояҳои саргузаштӣ дар бораи одамони шўху зираку айёр сужаи афсонаҳову достонҳои халқиро ташкил медиҳанд. Персонажҳои афсонаҳои сеҳрангезро ба ду гурўҳ ҷудо намудан мумкин аст:
1) қаҳрамони афсонаҳо ва ёрдамчии онҳо;
2) душманони қаҳрамонҳо ва шарикони онҳо ( дев, аҷуза, аждаҳор ва ғ..). Қаҳрамонҳои афсонаю достонҳо мушкилҳои зиёдеро бартараф намуда, ба мақсади худ мерасанд. Чунончи, достон дар бораи Бҳагавати –девӣ ( Угтар Прадеш ), дар бораи тоҷир Наяка ( Биҳор ) . Дар музофоти Роҷастҳан бошад, достони шоҳзода Бҳола. Дар шарқи мамлакат дар музофоти ҳиндузабон, қиссаи Биҳунла ва Бала Лакҳандаро маъруф аст.
Қиссаҳое низ ҳастанд, ки мазмуни ватандўстӣ доранд.Чунончи, достони Алҳа ва Удала- ду бародари қаҳрамон, ду ҷанговари ғаюр ва нотарс. Гӯё ин достонро дар асри Х11 Ҷагник ном шахсе офаридааст, лекин номи муаллиф оҳиста – оҳиста фаромўш шуда, худи достон маҳсули фолклори мардумони қисмати шимолии Ҳиндустон гардидааст.
Дар музофоти Роҷасҳан дар баробари дотонҳои ба қаҳрамонҳои афсонавӣ ва корнамоиҳои онҳо бахшидашуда қиссаҳо дар бораи ғоратгарони шариф низ вуҷуд доранд. Ин гуна ғоратгарон аслан бойҳо, роҷаҳо ва мисли инҳоро сайди худ мекарданд. Яке аз онҳо бо номи Ҷоравар Синҳ маълум аст. Ў бисёр давлатдорону олирутбадоронро ғорат карда, ба бечорагон аз ҳисоби моли онҳо кўмак расонидааст.
Албатта, намунаҳои фолклори халқҳои Ҳиндустон бо мазмуну мундариҷаи худ бо намунаҳои фолклори дигар миллаҳои дунё умумияте доранд. Вале дар айни ҳол, фолклори халқи Ҳинд бо хусусиятҳои миллӣ, колорити такрорнашавандаи худ, бо шакли баёну услуби махсус, ки маҳз хоси халқи Ҳинд аст, фарқ мекунад. Чунончи, тарзи баёни мубориза ва ғалабаи қувваи некӣ бар бадӣ, муҳаббати бемислу нотакрори ҷавонони Ҳиндустон, ки дар он анъанаҳои махсуси халқи Ҳинд, хусусиятҳои миллии ҳаёти ҷамъиятӣ ва маданӣ, ҳаҷви нозукбинонаи хос миллӣ ва мисли онҳо ҷой доранд.
Фолклори Ҳидустон бо ҳаёти халқҳои Ҳиндустон хеле алоқаманд аст. Аз донистони ин тараққиёт ва пешравии муносибатҳои миллии халқи Ҳинд низ вобастагии мустаҳкам дорад. Дар фолклор таърихи бисёрасраи мардуми Ҳинд инъикоси худро ёфтааст.
Хонандагони азиз! Ин чанд сатр аз сарсухани Майрамбӣ Нурова аз китоби “Афҷсонаҳо ва ривоятҳои халқи Ҳиндустон” иқтибос шуд. Ин китоб соли 2014 дар нашриёти “Адабиёти бачагона” чоп шудааст ва яке аз шавқовартарин китобҳои фолклорӣ ба ҳисоб меравад.
Китобро шумо метавонед аз толори шўъбаи кўдакон ва наврасон дастрас намоед.
Таҳияи Фирўза Раҳимова,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.