Нашри дуюми китоби Сарвари Чин бо сарсухани Пешвои миллат

 Нашри дуюми китоби Си Ҷинпин-Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби Генералии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин “Дар бораи дипломатияи миллии Чин, ибтикори як камарбанд – як роҳ” ва ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият” аз чоп баромад. Нашри дуюми китоб бо сарсухани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор ёфтааст. Ин сарсуханро, ки аслан иқтибос аз рӯзномаи чинии Жэнмин жибао”, 24 апрели соли 2019мебошад, ин ҷо меорем ва дар поён шакли электронии нашри дуюми китобро низ ҷо хоҳем дод.

 Эмомалӣ Раҳмон:

“Як камарбанд – як роҳ” саҳми

азимест барои рушду пешрафти

                                    ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти стратегӣ медиҳад. Тоҷикистон давлати муҳим дар масири “Як камарбанд – як роҳ” буда, аз он кишварҳоест, ки аз аввалинҳо шуда – ибтикори мазкурро дастгирӣ намуд. Ва ин ташаббуси дӯсти ман, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби  муҳтарам Си Ҷинпин, ки шаш сол пеш эълон шуда буд ва дар паҳнои олам бо номи “Як камарбанд – як роҳ” муаррифӣ гаштааст, эҳёи рӯҳияи Роҳи абрешими қадим маҳсуб меёбад. Дар ҷавҳари худ ин ибтикор таъсиси модели нави ҳамкории байналмилалӣ тавассути такмилу таҳкими механизмҳои мавҷуда, инчунин ҷустуҷӯ ва татбиқи механизмҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии кишварҳо дар заминаи ин ташаббус мебошад.

 Мо метавонем соатҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои хубу фоидаовари ин ташаббус суҳбат кунем, вале кӯшиш мекунем, то назари худро ба таври мухтасар баён дорем. Азбаски давлатҳои Осиёи Марказӣ ба уқёнусҳо дастрасӣ надоранд, пас табиист, ки Тоҷикистон дар баробари дигар ҳамсояҳояш дар минтақа дар лоиҳаи “Роҳи баҳрии абрешими асри 21” иштирок намекунад.

 Дар доираи ин ташаббус таваҷҷуҳи мо ба лоиҳаи “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” равона шудааст.  Ва воқеан ҳам минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи ин лоиҳа мавқеи марказиро дорост, зеро аз се долони авруосиёӣ ду долонаш – ҳам долони шимолӣ ва ҳам долони марказӣ – минтақаи моро фаро мегирад.

 Ва дар ин рӯҳияи замонҳо эҳсос мегардад...рӯҳияи замони Роҳи таърихии абрешим. Мардуме, ки аз эҷодгарони фарҳанги минтақа ва посдорони гаҳвораи он аст, бори дигар дар эҳёи имконоти пештара ва тавсеаи он шарик мегардад.

 Тавре маълум аст, Тоҷикистон нахустин кишварест, ки ташаббуси мазкурро пуштибонӣ намуда буд ва тафоҳумномаро роҷеъ ба амалҳои муштарак ба хотири эҷоди камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим имзо кардааст. Ин иқдом дар шаҳри Душанбе дар моҳи сентябри соли 2014 сурат гирифта буд.

 Ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” дар асл ин кӯшишест ба хотири такмил додани фароянди ҷаҳонишавӣ, василаест барои мусоидат ба ҳаракати озоди молҳо, тақсимоти самараноки захираҳо ва тақвияти ҳамгироии бозаргонӣ.

 Тоҷикистон дар арсаи талошу кӯшишҳои худ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат дидгоҳи возеҳ дорад, ки дар Стратегияи миллии рушдаш дар давраи то соли 2030 дарҷ ёфтааст.

 Ҳадафҳои стратегии мо равшананд ва бахшҳои иқтисодиро, аз қабили энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноат, фаро мегиранд. Бо ба ҳам овардани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва лоиҳаҳо дар доираи ибтикори “Як камар-банд – як роҳ” мо густариш ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро фаъолона идома медиҳем.То имрӯз дар ин ҷода натиҷаҳои муайянеро ба даст овардаем, аммо дар муқоиса бо иқтидоре, ки дар қишрњои ин ташаббус нуҳуфтааст, фарқият ҳанӯз бузург аст.

 Авлавиятро дар ин чаҳоргона мо ба соҳаи нақлиёт медиҳем. Ва дар ин самт ворид намудани пружаҳои бунёди роҳҳои мошингарди “Чин–Тоҷикистон–Ӯзбекистон” ва “Чин–Тоҷикистон–Афғонистон” ба рӯйхати умумии лоиҳаҳои ин ташаббус пешниҳод мегардад. Мо инчунин лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин–Қирғизистон–Ӯзбекистон”-ро бо шохаи алоҳида дар самти Тоҷикистон ва баъдан ба сӯйи Осиёи Ҷанубӣ пуштибонӣ мекунем.

 Мо бояд лоиҳаҳои энергетикӣ ва саноатиро ҳамчун қисми таркибии ин ташаббус амалӣ созем ва бахши кишоварзиро бо тақвияти иқтидори содиротии тамоми бахшҳо дар ҳамаи самтҳо дастгирӣ намоем.

 Дар моҳи сентябри соли 2015 ҷомеаи ҷаҳонӣ зимни баргузории саммити Созмони Милали Муттаҳид якдилона барномаи нави глобалии амалро дар соҳаи рушд то соли 2030 тасдиқ кард. Ин санади фарогир беназир буда, тибқи он, ҳадафҳо ва вазифаҳои мушаххас дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, инкишофи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамоҳанг шудаанд.

 Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо дар  асоси барномаи нави рушди устувор ва бо дарназардошти таҷрибаи мушобеҳи раванди амалигардонии санадҳои барномавӣ, дар соли 2016 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 қабул намуд.Ин стратегияи миллии рушд чаҳор ҳадафи умдаро муқаррар кардааст:

– дастрасӣ ба амнияти энергетикӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ;

 – раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таҳкими потенсиали транзитии кишвар;

– таъмини амнияти озуқаворӣ;

  •  Ноилшавӣ ба шуғли пурмаҳсул. Ба андешаи ман, азбаски ташаббуси “Як камар-банд – як роҳ” кишварҳоямонро, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад, бо як навъ “пул”-и воҳиди бисёрҷанба пайванд медиҳад, метавонад ба татбиқи як силсила ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла афзоиши иқтидори транзитии мо, мусоидат кунад. Илова бар ин, ин ибтикори роҳбарияти олии Чин метавонад ба кишвари мо, ки ба уқёнусҳову баҳрҳо дастрасӣ надорад, дар таъмини дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ кумак расонад.
  •  Дар солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ислоҳотро ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузориҳои хориҷӣ амалӣ намуда истодааст.
  •  Мо дорои сармояи бойи инсонӣ – аҳолии ҷавону афзоишёбанда, – захираҳои назарраси кишоварзӣ, кӯҳканӣ, обу гидроэнергетикӣ, манзараҳои зебо ва мавқеи хуби ҷуғрофӣ – наздикӣ ба бозорҳои бузург дар Шимол, Ҷануб ва Шарқ – мебошем.
  •  Дар робита бо ин лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати пурра истифода бурдани захираҳои дохилӣ ва иқтидори мавҷудбуда Тоҷикистон омода аст, ки фаъолияташро ба хотири густаришу таҳкими ҳамкории судбахш бо тамоми ҳамсояҳо, дӯстон ва шарикон, дар навбати аввал бо Чин, тавассути ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” фаъолона инкишоф диҳад. Чин шарики калидии иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳоли ҳозир Чин ба иқтисоди мо зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст, ки қисми зиёди он хислати мустақим дорад.

Дар айни замон бо иштироки сармояи Чин дар Тоҷикистон зиёда аз 350 ширкат фаъолият менамоянд. Дар соли 2018 ҳаҷми савдои дуҷониба, тибқи маълумоти мо, ба андозаи 10 фоиз афзуд. Бо вуҷуди ин ҳаҷм ва динамикаи тиҷорати дуҷонибаи мо ба ниёзу имконоти ду кишвар комилан ҷавобгӯ наме-
бошанд. Аз ин рӯ мо бояд ҳар як имконро барои самаранокии бештари муомилоти молӣ истифода барем. Масалан, дар солҳои охир соҳибкорони
Тоҷикистон ҷиҳати ворид шудан ба бозори бузурги Чин таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.

Мо итминони комил дорем, ки раванди татбиқи лоиҳаи “Як камарбанд – як роҳ” низ ба густариши тиҷорати дуҷониба ва беҳсозии сохтори он, ки ба манфиати ҷонибҳо дархур аст, мусоидат хоҳад кард. Дар иртибот бо ғояи глобалии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оид ба бунёди  “ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият” мехоҳам қайд  кунам, ки ин ташаббус самимияти талоши Чинро барои эҷоди вазъи сулҳомез дар минтақа, ки барои рушди устувор ва субот дар ҷаҳон аҳамияти калидӣ дорад,
тасдиқ мекунад.

Албатта, ғояи эъмори дунёи беолоишу зебо, таъмини амнияти умумӣ ва рушди муштарак дар фазои тағйирёбандаи иқтисодиву сиёсии ҷаҳон
хеле муҳим аст.

Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ҳамеша усули “дарҳои боз”-ро ба кор гирифта, ҳангоми шиддат гирифтани зиддиятҳо ва мухолифатҳои дохилӣ дар кишварҳои гуногун ҳамеша аз роҳҳои сулҳомези ҳалли мушкилот ҷонибдорӣ кардааст ва хоҳад кард.

Ҳамзамон рушди муштараки иқтисодӣ имкон медиҳад, ки ҳамаи захираҳои мавҷудаи дохилии кишварҳо ба манфиати халқҳои онон ба таври самаранок истифода шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(иқтибос аз cомонаи рӯзномаи “Жэнмин жибао”, 24 апрели соли 2019)

Дарёфти нашри дуюми китоб

Барчаспҳо: