Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин лиҳоз мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром китобҳо, ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрўз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардўсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона миёни миллатҳо пешрафта ба шумор меравад. Ин миллат дар ҳама давру замон рўи дасташ китоб буд. Кору рўзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст.
Нақш ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавию фарҳангӣ баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза пайваста боло меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат ва Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин анъанаи варзида - эҳтироми китобу китобхонӣ корҳои шоёне анҷом дода шудааст, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.
Шоиста ба зикр аст, ки ҳар як иқдоме, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, наврасону ҷавонон мегардад. «Рўзи китоб» ҳам дар баробари муаррифии китобхонаву китобдорон мақому манзалат ва манфиату аҳаммияти китобро дар ҳаёту зиндагӣ барои мактабиён, насли наврасу ҷавони кишвар рўшантар ва меҳру муҳаббат, шавқу рағбаташонро нисбат ба китобхонаву мутолиаи китоб бештар месозад.
Бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» доир мегардад.
Тавре аз Низомномаи озмун бармеояд, номинатсияи озмун аз рўи ҳифз намудан ва хондани осори адибони классику муосири тоҷик, адабиёти бачагона, афсонаҳо ва ривоятҳои халқӣ ва адабиёти ҷаҳон миёни тамоми қишрҳои ҷомеа баргузор мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бори дигар аҳли ҷомеа ба осори ниёгони худ рўй биёваранд, зеро мутолиаи осори гузаштагон, андешмандон ва фарзонагони ин миллат барои умуми мардум, бавижа насли ҷавони ояндасоз ва фарҳангдўсти тоҷик зарур ва саривақтӣ мебошад.
Мо бояд пайваста кўшиш кунем, ки насли имрўзи кишвар, наврасону ҷавонон ба китобхонаву китобхонӣ бештар рў биёранд. Давраи тиллоии умри худ-наврасиву ҷавониро сарфи роҳи мутолиаву омўзиш кунанд. Албатта, сарфи роҳи мутолиаву омўзиши китобҳои хуб, китобҳое, ки арзиши баланди маънавию ахлоқӣ доранд.
Воқеан, мутолиаву омўзиши китоби хуб ба хонандаи худ як ҷаҳон ғизои маънавию маслиҳати зиндагӣ медиҳад, аз таҷрибаҳои беназир ва андешаҳои бузургу босамари мутафаккирон баҳравар мегардонад, завқашро қонеъу ташнагиашро мешиканад ва дасташро гирифта, то қуллаҳои баланди хушбахтию саодат мебарад.
Сафарбӣ Қурбоналиева,
мутахассиси пешбари маркази
Конуни забони тоҷикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.