Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, таҳким бахшидан ба рушди соҳаҳои гуногуни фарҳанг, алалхусус ба соҳаи китобдор ва китобхонашиносӣ, баланд бардоштани сатҳи фаъолияти китобхонаҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷониби китобхонаҳои ҷумҳурӣ як қатор корҳо ба сомон расонида мешаванд.
Рӯзҳои 2-3 майи соли 2019, бахшида ба 30 –солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон VII - умин Конфронси ҷумҳуриявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» дар мавзўи «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон» бо иштироки 130 намояндагони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сарварии Ҷонишини Директори Китобхонаии миллӣ Годобек Маҳмудов низ ширкат варзиданд.
Дар ин ҳамоиш Гадобек Маҳмудов доир ба мавзӯъи «Вазъи истифодабарии дастурҳои библиографӣ дар китобхонаҳои давлатӣ –оммавӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он», кормандони китобхона Сайдзароб Нодиров дар мавзӯъи «Назаре ба таърихи эҳёи хадамоти библиографӣ дар Тоҷикистон», Шариф Наботов дар мавзӯъи «Фаъолияти шуъбаи хизматрасони библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Насиба Дониёрова дар мавзӯъи «Нақш ва самтҳои фаъолияти шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар таҳияи дастурҳои библиографӣ», Меҳроҷ Комилзода роҷеъ ба «Инъикоси осори Пешвои миллат дар библиографияи тоҷик» Ҷамил Валиев оиди «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Конфронс ба масъалаҳои муайяну мушаххас намудани фаъолияти китобдорӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ дар раванди шаклгирии фарҳанг хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши китобхонаҳо дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир равшанӣ андохта, имкон фароҳам овард, ки масоили дурнамои рушди китобхонаҳо дар самти ҷорӣ намудани низоми хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, манобеи электронӣ, андешидани чораҳо вобаста ба баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ, нуфузи китобхона, касби китобдорӣ, савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо, маданияти муошират, санъати баланди қабули хонандагон - истифодабарандагони китобхона, ҷустуҷўи босифат ва оҷилии сарватҳои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқӣ соҳа дар байни наврасону ҷавонон, ташкили захираҳои электронӣ бо истифода аз фонди чопӣ, манобеи электронии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои интернетӣ, таъмини талабу дархости ҷомеа бо адабиёти ниёзи хониш, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар гузоришҳои иштирокчиёни конфронси мазкур роҷеъ ба масоили ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, пешниҳодҳои ҷолиб перомуни мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо баён гардида шуд. Маводи конфронси баргузоршуда таҳти унвони «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон» чоп шуд, ки барои омўзиши масоили марбут ба фаъолияти китобхонаҳои мамлакат дар самти мувофиқу мутобиқ намудани фаъолияти китобхонаҳо ба кормандони онҳо, устодону донишҷуёни соҳаи китобдорӣ кўмак хоҳад расонд.
Ҷамил Валиев,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.