Пайрав то кунун шоирест ношинохта....

 Маҳфилҳои адабӣ дар Иттифоқи нависандагон зуд-зуд баргузор мешаванд, аммо нишасте, ки ба 120-солагии Пайрав Сулаймонӣ ихтисос дошт, аз маҳофили пешин хеле тафовут дошт. Тафовуташ ҳамин буд, ки сари масъалаи мақоми Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёти тоҷик ва ҳусну муаммоҳои шеъраш миёни адибону муҳаққиқон баҳси тӯлоние ба вуҷуд омад. Ибтидо устод Абдураҳмон Абдуманнонов хеле муфассал маърӯзае дар шакли суҳбати озод карданд, азбаски қаблан мақолаи он кас дар “Адабиёт ва санъат” чоп шуда буд, илова ба муҳтавои он навишта хеле хотираҳо ва ёддоштҳояшонро ба ҳозирин арз карданд.

 Сухангӯии устод Аскар Ҳаким равиши кори маҳфилро билкул тағйир дод, ба ин маънӣ, ки назари тоза ва афкори ҷолиберо манзури ҳозирин гардонд. Мавсуф изҳор намуд, ки то кунун аз хеле ҷиҳатҳо, бо вуҷуди таҳқиқоти зиёд, Пайрав шоири ношинохта боқӣ мемонад. Барои исботи мавқеаш мисолҳои фаровоне аз осори Пайрав овард, навию тозагӣ ва ҳикмати шеъри шоирро бо сабки ба худашон хоси муҳаққиқӣ баён кард. Маълум, ки адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров рисолаи мукаммале оид ба Пайрав дорад, ки аксарият ба он истинод мекунанд ва андешае ҳаст, ки баъди ин таҳқиқ гӯё баррасии шеъри ин шоири накуном дигар хотима ёфтааст. Аммо Аскар Ҳаким афкори ҷолибе роҷеъ ба таҷдиди назар ба баъзе нукоти ин рисола баён карданд. Гуфтанд, ки баъзе андешаҳои муаллифи рисола ба ҳақиқат ихтилоф доранд ва фикрашонро исбот ҳам карданд. Шеърҳои “Шукуфаи ирфон” ва “Асира”-и Пайрав аз ҷониби Аскар Ҳаким таҳлил шуданд ва дар зимни ин баррасиҳо андешаи муҳимме изҳор шуд, ки то кунун дар илми мо назарияи шеъри ғиноӣ ташаккул наёфтааст.

Ҳамин набудани назарияи шеъри ғиноист, ки ашъори адибон нодуруст ва сарсарӣ мавриди баррасиҳо қарор мегирад ва шеъри Пайрав низ истисно нест. Шеър бояд ҳикмате дошта бошад ва шеъре, ки паёми тоза ва ҳикмат надорад, аслан шеър номиданаш дуруст нест. Дар мавриди қиёси шеъри Пайрав бо Саноӣ (дар мавриди тазмини “Бӯи ҷӯи Мулиён”) низ Аскар Ҳаким ҷонибдори он ақидаи Аламхон Кӯчаров шуд, ки шеъри Пайрав хеле олист ва “аз мағзи ҷони шоир” (ба қавли устод Айнӣ) рӯидааст. Ҳоло маҷолу имкони ба ёд овардани ҳама гуфтаҳои Аскар Ҳаким нест, аммо чизе, ки ба хотир сахт нақш баст, ҳамин аст, ки Пайрав шоире буд навовар ва тозаназар. Ӯ дар як марҳилаи пуртазоди таърих бо умри хеле кутоҳаш шеъри баландпироя гуфт ва ҷойгоҳи баландеро касб кард.

Андешаи дигари Аскар Ҳаким: шеърро фақат шоир метавонад амиқ дарк кунад ва ба умқи матонати суханаш бирасад. Дигар масъала – рӯҳ, рӯҳия ва ё пафоси шеър аст, ки онро низ дуруст бояд дарк кард. Баъзе нидоҳои риторикие, ки дар шеъри Пайрав ҳаст ва он аз ҷониби устод Табаров дар замонаш ҳамчун камбуди шеър танқид шуда буд, баръакс, бояд фазилати шеър шинохта шаванд, шеър наметавонад якмаром бошад, бояд ҷо-ҷо хонандаашро “аз хоб бедор кунад”, дар ниҳоди ӯ ҷунбишу таконе ба вуҷуд оварад. Вақте ки Аскар Ҳаким аз қиёси шеъри Пайрав бо Саноӣ сухан мегуфт, устоди донишгоҳ Мисбоҳиддини Нарзиқул масъалаи маърифати замониро пеш овард. Ба ин луқма низ посухи муфассал дода шуд. Идомаи ин суҳбат аз ҷониби академик Носирҷон Салимӣ ҳам дар мавзӯи мавриди баҳс ва ҳам посух ба масъалае буд, ки чаро дар шеъри муосир матонати сухан, истеҳкоми маънӣ хароб аст... Дар мавриди истисноӣ будани эҷод ва нубуғи бархе шуаро, аз қабили Аттору Мавлонову Ҳофиз ва чанде дигар ва дар ҳар марҳилае раванди эҷодро ба даст гирифтани эшон ва таъсиргузориҳояшон ба таълифоти адибони баъдӣ чанд андешаи ин донишманди фозил ба миён гузошта шуд.

Ба бархе масоили бамиёнгузоштаи Аскар Ҳаким шоир Гулназар изҳори норизоӣ кард ва мавқеи худро низ баён намуд. Сухан аз ибтикороти ҳамгуни Нимо Юшиҷ ва Пайрав дар шеъри нав ба миён омад ва афзалияти аввалӣ дар ҷараёни навсозии шеър мавриди баҳс қарор дода шуд. Ҳоло то ахир маълум нашуда, ки чаро фаразан, ибтикори Нимо дастгирӣ ёфту аз Пайрав на. Ин масъалаест, ки бояд сари он суханшиносон фикр кунанд ва посухи илмӣ бидиҳанд. Устодон Аламхон Кӯчаров, Муртазо Зайниддинов ва шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ низ дар мавриди бархе нукоти баҳси мазкур сухангӯӣ карданд.

Нишасти мазкур, чунон ки қабалн гуфтем, ба ёдкарди шеъри Пайрав ва арҷгузорӣ ба саҳми ин бузургвор дар ривоҷи шеъри тоҷикӣ ихтисос дошт. Аммо иқрор бояд кард, ки он мақоми на як маҳфил, балки як конфронси илмиро дошт, ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам баъзе масоили баногаҳ бамиён уфтода. Ҳамин ҳаррангии андешаҳо ва ба ҳам мувофиқ наомадани бархе назарҳо арзиши баланди маҳфилро таъмин намуд: чӣ лозим нишастҳое, ки дар он ҳама ба як андеша созгор буда, барои ривоҷи илму адаб таконе ҳосил нашавад... Итминони комил дорам, ки ҳамин маҳфил бо ҳама гуфтумони ба ҳам носозгораш на танҳо дар пайравшиносӣ, балки дар илми шеършиносии тоҷик, назариёти адабӣ ва ҳар равияи илмии дигаре, ки ба фаъолияти адабӣ робита дорад, қадами ҷиддие хоҳад буд.

Бино ба аҳаммияти чунин нишастҳо мехоҳам ду пешниҳоде манзур кунам: аввал ин ки масъулини Иттифоқи нависандагон ҳама суханрониҳо ва мунозараҳоро пурра сабт карда, дар шакли китобҳои алоҳида ба нашр расонад, зеро ин китобҳо барои муҳаққиқони адабиёт маводи ҷолибе хоҳанд буд.

Баъдан, хуб мебуд, ки минбаъд чунин маҳфилу ҷамъомадҳои адабию илмӣ дар толори васеътаре баргузор шуда, дар онҳо доираи васеи олимон ва инчунин донишҷӯёну аспирантон ва устодони макотиби олии ҷумҳур ширкат карда бошанд. Ҳоло расм шуда, ки танҳо маърӯзаҳои асосӣ дар нашрияҳои ИН чоп мешаванд ва дигар гуфтугузорҳо ба фаромӯшӣ мераванд. Беҳтар мебуд, ки ин низом таҷдид назар шавад.

ҲАФИЗ РАҲМОН

ҒАЗАЛЕ АЗ ПАЙРАВ

Шӯхам ба қасди қатли асирон итоб кард,

Қурбони ӯ шавам, ки маро интихоб кард.

Бурқаъ зи рух чу он санами озарӣ кашид,

Фарёди сӯхтан ба дили шайху шоб кард.

Аз зулфи чинбачин гиреҳ бар гарданам фиканд,

Ҳар тор бо карашма дусад печутоб кард.

Найвор ин садо зи гулӯям баланд сохт,

Ҳукми адолатест, ки волоҷаноб кард.

Теғи шаҳодат аз хами абрӯ бурун кашид,

Кофирмизоҷ, бин, ки чӣ кори савоб кард.

Хунам ба косаи сари ман рехт чун шароб,

Оташ ба устухон заду дилро кабоб кард.

Соғар ба даст, рақскунон шуд сӯи ҳарам,

Тӯфони куфр хонаи динро хароб кард.

Хокистарам ба бод заду кӯр шуд рақиб,

Поянда бод ёр, аҷаб инилоб кард.

Пайрав, ту з-ин сипас ба фироқаш ғамин мабош,

Номи туро ба дафтари ишқаш ҳисоб кард...

Дар бораи Пайрав Сулаймонӣ матлаби бештарро боз метавонед аз ин ҷо бихонед