Аз Яхиэл Сабзанов дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон шунид?

    Яхиэл Сабзанов аз чеҳраҳои маъруфи мусиқии тоҷик аст. Имрӯз ҳам даҳҳо асари симфониву таронаҳои дилошӯби вай аз тариқи радио садо медиҳанд. Агар умр вафо мекард, имсол ба синни 90 медаромад. Вале ҳайфову дареғо, ки шаш сол пеш дар шаҳри Ню-Йорки ИМА аз олам даргузашт. Ному ёди ин бастакори нотакрор ба хайр.

   Сабзанов Яхиэл Рафаилович – композитор, ходими мусиқӣ-ҷамъиятӣ, омӯзгор, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (1989)  Ходими хизмат-нишондодаи санъати Тоҷикистон (1974), профессор (1988), узви Иттифоқи композиторони СССР (1956), узви Ассотсиатсияи композиторони Амрико (ASCAP, 1998), дорандаи ҷоиза ва дипломанти озмунҳои умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявии композиторон.

   Яхиэл Сабзанов 20 феврали соли 1929 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1949 вай дар муддати 3 сол Омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо дар синфи ғиҷҷак назди омӯзгорон Р. Шоҳмуров ва С. Френкел ва композитсияро назди А. С. Ленский бо баҳои аъло хатм мекунад. Маълумоти олиро ӯ дар шуъбаи назариявӣ-композитории Консерваторияи Тошканд (соли 1955, синфи профессор Г. А. Мушел) соҳиб гардидааст. Нахустин дастоварди бузургро барояш нотаи «Консерт барои фортепиано бо оркестр», ки дар ибтидои роҳи эҷодиаш навишта буд, овардааст. Барои аввалин вохӯриҳои худ бо тамошобинон вай асарҳои шаклан мураккабро интихоб намуда, ба ин васила ҷиддияти ҳадафҳои ояндаи худро собит намуд. Муваффақияти асари мазкур тасодуфӣ набуд. Он дар давоми солҳои меҳнати пурмашаққат, ҳангоме, ки асарҳои зерин, ба монанди «Достони лирикии помирӣ» барои оркестри симфонӣ, Квартети торӣ, Кантата ва дигар асарҳо эҷод гардиданд, омода гардидааст. Пас аз се сол композитор бо асари дигари калони худ – достони симфонии «Ба хотираи Рудакӣ» баромад мекунад. Ин асари ҳаяҷонбахши мусиқӣ шаҳомати «падари шоирон»-и Шарқро, ки бо нубуғи хеш ба тақдири фоҷиаангез пирӯз мегардад, таҷассум намудааст. Образнокии ниҳоятдараҷа намоён забони пурмазмуну хушоҳанг, возеҳияти шакл – ана ҳамин шунавандагони достонро ҷалб намуда, солҳои зиёд пайваста ин асар ба барномаҳои консертӣ ворид карда мешавад. Соли 1962 ин асар бо дипломи дараҷаи II Озмуни умумииттифоқии ҷавонон сазовор гардидааст. Я. Р. Сабзанов дар жанри суруд бо шавқ кор мекард.

   Бо шарофати истеъдоди оҳангофарии композитор сурудҳо ва романсҳои ӯ ба зудӣ машҳур мегарданд. Асарҳои зерин, ба монанди «Ба дилбар» шеъри М. Турсунзода, «Ширинзабонам» ба шеъри Ф. Исҳоқӣ, «Суруди мо» ба шеъри Ф. Ансорӣ, «Аз қадат гардам» ба шеъри М. Фарҳат, «Шаҳри азиз» ба шеъри Ф. Ансорӣ, «Норак муборак» ба шеъри Б. Раҳимзода, «Тӯёна» ба шеъри А. Сидқӣ, «Дугонаҷон» ба шеъри А. Баҳорӣ, «Зебоии Ҳаёт» шеъри Ф. Ансорӣ, «То ба кай?» ба шеъри М. Турсунзода, «Шифои ҷон» ба шеъри А. Лоҳутӣ ва бисёр дигар асарҳо шӯҳрати баланд пайдо карданд.

   Вай дар асарҳои хеш хушбахтии меҳнати озодона, Ватани гул-гул шукуфони мо, зебогии ҳиссиёти инсониро тараннум намудааст. Публистистикаи эҷодиёти Я. Сабзанов дар офаридани як қатор асарҳои жанри кантатӣ-ораториалӣ зоҳир гардид.  

    Табиист, ки композиторе, ки аз бисёр нозукиҳои санъати симфонӣ, жанрҳои кантатавӣ-ораторӣ огаҳии хуб дорад, ба асарҳои калони мусиқӣ-саҳнавӣ рӯ меоварад. Операи ӯ «Бозгашт» соли 1967 дар Театри давлатӣ академии опера ва балети ба номи С. Айнии Тоҷикистон ба саҳна гузошта шуд. Ба муаллифи мусиқӣ якҷоя бо шоир А. Шукӯҳӣ муяссар гардид, ки дар ҳамкории эҷодӣ драма-тургияи боварибахшро таҳия намоянд, ки он ҳамчун маводи хуби асари операвӣ истифода бурда шавад. Проблемаҳои калони ахлоқӣ (маънавӣ), саҳеҳияти муноқиша, сужети серамалиёт – ҳама шавқро ангеза мебахшанд, ки туфайли он тамошобин ба ҷараёни амалиёти намоишномаи мусиқӣ наззора мекунад. Мусиқии опера шунавандаро мафтун месозад. Тавре, ки муқарризон қайд намуданд, композитор хусусияти хоси оҳанги сурудҳои халқиро бо беҳтарин суннатҳои санъати операвии шӯравӣ пайваста тавонистааст. Я. Сабзанов аз тамоми гуногунжанрии опера – суруди якка (ария), речитатив  (мад кашида сароидан), хор ва ғайра моҳирона истифода мебарад. Арияҳои Содиқ ва Малоҳат, хори сарбозони шӯравӣ қабл аз муҳорибаи шадид таассуроти амиқ мебахшанд. Оркестр нақши фаъол дорад. Сурудҳои яккаи ин опера аксаран дар барномаҳои консертӣ иҷро карда мешаванд. Соли 1968 асари мазкур дар саҳнаи Театри Калони опера ва балети ба номи А. Навоии Ӯзбекистон дар Тошканд дар тарҷумаи Р. Бобоҷон ба забони ӯзбекӣ намоиш дода шуд. Ҳамон сол опера ба ҷоизаи Озмуни умумииттифоқии композиторон сазовор гардид. Таҳрири нави «Бозгашт»-ро муаллиф соли 1985 бахшида ба 40-солагии Ғалабаи бузурги халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷом дод. Дебочаи нав – «Гусел ба фронт» ва якчанд номераҳои нав низ навишта шудаанд. Я. Сабзанов муфассири завқманди мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом» аст. Достони симфонии ӯ «Мақом» (1974) барнома надорад. Аммо мӯҳтавои мусиқӣ, муқоисаи лаҳзаҳои зиндадилона бо андешаҳои неки лирикӣ дар таваҷҷӯҳи ботинии шунаванда манзараҳои ҳаёти мардумро тавлид месозанд. Мусиқии достон бо самимияти худ мутаассир месозад. Ин асар бори дигар самаранокии синтези шаклҳои классикӣ ва васоити муосири таъсирбахши мусиқии тоҷикро собит намуд. Композитор барои оркестри созҳои халқӣ як қатор асарҳо эҷод намудааст. Вай инчунин шумораи зиёди сурудҳои халқиро бомаҳорат такмил додааст. Дар эҷодиёти Я. Сабзанов мавқеи калонро мусиқии театрӣ ишғол менамояд. Вай бо Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, бо театрҳои Ленинобод (ҳоло Театри вилоятии мусиқӣ  мазҳакавии  ба номи К. Хуҷандӣ), Кӯлоб (ҳоло Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализода) ва Хоруғ (ҳоло Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Назарови ВМКБ) бомуваффақият ҳамкорӣ менамояд. Дар асарҳои ин композитор, ки дар жанрҳои гуногун эҷод шудаанд, ба таври возеъ бартарияти манбаи хушоҳангӣ ба назар мерасад. Ин хусусияти асосии симои эҷодии ӯ мебошад. Забони хушоҳанги Я. Сабзанов бо кайфияти баланду пурмазмун ва самимияти табиӣ фарқ мекунад. Якҷоя бо ғоянокии амиқи мазмун ин мусиқии ӯро барои доираи васеи шунавандагон фаҳмо мегардонад. Ҳамин хусусиятҳоро мо дар эҷодиёти вокалӣ-симфонии композитор низ дучор меоем. Чандин маротиба ва ҳамеша дар чорабиниҳои тантанавӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он достони вокалӣ-симфонии Я. Сабзанов «Турнаҳо» ба шеъри Ф. Исҳоқӣ ва «Асри ман» ба шеъри М. Турсунзода бомуваффақият иҷро карда шудаанд.  

   Асарҳои Я. Сабзанов дар толорҳои консертии Москва ва дигар марказҳои мусиқии собиқ СССР, инчунин дигар кишварҳо садо додаанд. Бисёре аз онҳо чоп гардидаанд. Композитор фаъолияти эҷодии худро бо кори фаъолона ва бисёрсолаи мусиқӣ-омӯзгорӣ бомуваффақият пайваста, тарғиби фарҳанги мусиқӣ ва тарбияи зебо-парастиро қарзи фахрии худ меҳисобид. Вай солҳои зиёд мудири ка-федраи композитсия, инструментовка ва хониши партитураи Дониш-кадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Я. Сабзанов чандин маротиба узви Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ду маротиба котиби масъули ин ташкилот интихоб гардидааст. Вай муаллифи дастурҳои таълимӣ, китоби «Жизнь в музыке. Воспоминания» дар ду таҳрир (1999 ва 2006) ва як қатор мақолаҳо дар матбуоти даврӣ оид ба фарҳанги мусиқии тоҷикон мебошад. Я. Сабзанов аз соли 1992 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) истиқомат мекунад.

   11-уми сентябри соли 2013 дар шаҳри Ню-Йорк аз олам даргузашт.

Ин оҳангҳо, асарҳо ва таронаҳои Яхиэл Сабзановро метавонед дар толори наворҳои мусаббати Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ бишнавед:

Асарҳои мусиқӣ-саҳнавӣ: 1967 – «Бозгашт», опера, либретто А. Шукӯҳӣ. (барои Ӯзбекистон – матни ӯзбекии Р. Бобоҷон, барои Россия – матни русии А. Бердников). – М.: Музыка, 1978.

Асарҳои симфонӣ:

Сабзанов,Я.

     Симфоническая поепа “маком: переложение .Для Ф–но.–Душанбе,1989.– 40саҳ.

Сабзанов,Я.

      Наша песня.Душанбе,1990–158саҳ:

Сабзанов,Я.

     Аз қадат гардам.”Биё дар назди ман як дам нишин ёр. “Тарона барои овоз бо ф-п  Шеъри М. Фарҳат. Тарљумаи В. Кириллов Сталинобод, 1960, 9саҳ.

Сабзанов,Я.

     Арияи Содиқ, аз операи “Бозгашт”/Барои овоз бо ф–п/.–дар нотаҳо: асарҳои вокалии жанрҳои гуногун барои овози тенор. /Хрестоматия/. Душанбе, 1976.

Сабзанов,Я.

     Зебоии ҳаёт. Красота жизни. Нашриёти давлатии Тољикистон  11саҳ.

Сабзанов,Я.

     Консерт барои фортепиано бо оркестр. Душанбе, «Ирфон», 1986.

Сабзанов,Я.

     «Огни Нурека», стихи А. Бахори, оратория в 7-ми частях.

– М., «Сов. композитор», 1978.

Сабзанов,Я.

    Памяти Рудаки, симфоническая поэма. Партитура. М., «Сов. композитор», 1962–61саҳ.

Сабзанов,Я.

     Рақси духтарон.Танец девочка.–Дар нотаҳо: Пьесаҳои бастакорони тољик барои  баян. Душанбе,1976–10саҳ.

Сабзанов,Я.

     лирико–патриотические песни.Душанбе,1962–18 саҳ

Сабзанов,Я.

      Два танца. Для гиджака  и  ф–п. Душанбе, таджикгосиздат, 1963

Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар зиёда аз 40 .адад нотаҳо вуҷуд дорад                                   

Зебуннисо    Сафарова

 Мутахассиси пешбари  шуъбаи адабиёт доир

ба  фарҳанг ва ҳунар