адабиёт доир ба фарҳанг

Аз Яхиэл Сабзанов дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон шунид?

   Яхиэл Сабзанов аз чеҳраҳои маъруфи мусиқии тоҷик аст. Имрӯз ҳам даҳҳо асари симфониву таронаҳои дилошӯби вай аз тариқи радио садо медиҳанд. Агар умр вафо мекард, имсол ба синни 90 медаромад. Вале ҳайфову дареғо, ки шаш сол пеш дар шаҳри Ню-Йорки ИМА аз олам даргузашт. Ному ёди ин бастакори нотакрор ба хайр.

   Сабзанов Яхиэл Рафаилович – композитор, ходими мусиқӣ-ҷамъиятӣ, омӯзгор, Ҳунарманди