Эҳтироми либоси миллии тоҷикӣ
Суннатҳои либосдўзию либоспўшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошанд. Онҳо зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. Қабл аз ҳама гуфтан лозим аст, ки тоҷикон ба интихоби ранги либос таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён аз матоъҳои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд. Ранги сафеди либос рамзи покию озодагӣ, беолоишӣ, бахти сапед ва сулҳу амониро ифода мекард.
Дар баробари он дар рўзҳои идҳои суннатию ҷашнҳои маишӣ ва рўзҳои хурсандӣ тоҷикон, ҳам марду ҳам зан, либосҳои рангаю гулдор ва мунаққашро ба бар мекарданд, ки он орзую омоли рангин ва хушбахтии мардумро бозтоб менамуд. Ин анъанаҳо дар тўли садсолаҳо мардуми тоҷикро ҳамроҳӣ карда, то ба имрўз омада расидаанд. Имрўзҳо низ либосҳои ҷашнии бонувони тоҷик бештар аз газвораҳои атласу адрас, шоҳӣ, матоъҳои гулдўзишуда, чакану гулбаст ва монанди инҳо дўхта мешаванд.
Ба либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ курта, пойҷома, камзўлча, калтача, ҷома, яктак, рўймол, тоқӣ, ҷуроб ва кафш дохил мешаванд. Куртаҳои суннатии занона дорои остину домони дарозу кушод буда, гиребону нўги остинҳо ва қисми поении доманашон гулдўзӣ мешуданд. Аз таги куртаҳои гулдўзӣ пушидани пироҳани сафед маъмул буд, ки онро куртаи тагпўшӣ меномиданд. Дар водии Рашту Дарвоз ва Бадахшон ба куртаҳои занона шерозҳои пургули ранга часпонида мешуд. Баъзе ҳунармандон шерозҳоро дар худи матои курта ба воситаи даравшак медўхтанд. Махсусан, пеши барии куртаҳо пурра гулдўзӣ мешуд, ки он пешак ном дошт. Пойҷомаҳои бонувон кушоду дароз буда, то буҷулаки пой мерасид. Онҳоро аз матоъҳои читу карбос, атласу адрас ва беқасаб медўхтанд. Ба қисми поении пойҷома шероз ё ҷияки гулдўзишуда мечаспониданд.
Дар шаҳрҳо занҳои нисбатан доро куртаҳои шоҳӣ, атласу кимхо ва камзўлу ҷомаҳои зардўзӣ мепўшиданд.
Тоқиҳои занона дар ноҳияҳои шимоли кишвар чоркунҷа буда, дар водиҳои Ҳисору Рашт, вилояти Хатлону Бадахшон тоқиҳои гирд маъмул буданд. Тоқиҳои чамандигул, ироқӣ ва зардўзиро бештар духтарону наварўсон ба сар мегузоштанд. Занҳо тоқӣ пўшида, аз болои он ба сар рўймол мепартофтанд.
Рўймолҳои шол, фаранг, заргаронӣ, рубаст хеле роиҷ буданд. Ҷавонон рўймолҳои рангашон равшан мебастанду занҳои калонсол рўймолҳои нисбатан торикрангро меписандиданд. Тарзу шеваи рўймолбандӣ дар минтақаву навоҳии кишвар гуногун мебошад. Ҷавондухтарон одатан рўймоли хурдро дуқат карда, ба сар гузошта, ду гўшаи онро ба қафои сар бурда, гиреҳ мекарданд. Занҳои миёнсол рўймоли калонро ба сар гузошта, ду канори онро ба қафо мепартофтанд. Усулҳои рўймолбандии таги манаҳ, пешонабанд, мушки бегиҷон, гирди сар, гўшгардон ва чанде дигар роиҷ буд.
Либосҳои анъанавии мардона аз курта, таҳпўш, шалвор, яктак, ҷома, ҷелак, рўймоли миёнбанд, тоқӣ, салла, кафш, маҳсӣ, мўза ва чанде дигар иборат мебошад. Дар кўҳистон инчунин либоси болоии чакман ва пўстин низ маъмул аст.
Куртаҳои мардонаи тоҷикӣ аз матои читу карбос дўхта шуда, сари гиребони онҳо гулдўзӣ мешуд. Қади онҳо камарро пўшондида, то ба рони пойҳо мерасид. Дарозии остини куртаҳо то банди даст расида, чандон кушод набуд. Куртаҳои пешина тугма надоштанд, гиребони онҳо васеъ буда, курта аз болои сар пўшида мешуд.
Яктак як навъ либоси мардонаи болопўш буда, мисли ҷома пешаш кушода аст ва бо рўймол миёнашро мебастанд. Яктак асосан аз матои сўф ё карбоси сафед дўхта шуда, мардон онро дар фаслҳои гарм аз болои курта мепўшиданд ва дар зимистон аз зери ҷома ба бар мекарданд. Навъи дигари яктакро ҷелак меноманд, ки аз матоъҳои адрасу алоча ва беқасаб дўхта мешавад.
Ҷомаи мардонаро маъмулан аз матоъҳои алоча, беқасаб, сатин ва шоҳӣ медўзанд. Дар байни абраю астари ҷома пахта гузошта, бо сўзан ба таври амудӣ лаганда карда мешавад. Аз болои ҷома бо рўймоли миёнбанд камари худро мебанданд.
Дар солҳои 1950-60 дар баробари либосҳои мардонаи суннатӣ либосҳои замонавии аврупоӣ ба истифода даромад ва то ба имрўз мардони тоҷик шиму костюм, курта, шим, джемпер, палто, боронӣ, кулоҳ, либосҳои варзишӣ ва монанди инҳоро ҳамарўза ба бар мекунанд.
Либосҳои анъанавии мардуми тоҷик имрўзҳо низ дар деҳоти ноҳияҳои кишвар истифодаи васеъ доранд. Дар шаҳрҳо низ дар баробари либосҳои аврупоӣ либосҳои миллӣ мавқеи худро нигоҳ доштаанд. Аммо як андоза дар шаклу сохтор ва тарзи дўхти онҳо тағйирот ба вуҷуд омадаанд. Илова бар ин дар асоси либосҳои миллӣ сару либоси замонавӣ эҷод шудаанд, ки он, бегуфтугў, идомаи анъана вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С. 123-125.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи либоси миллӣ боз метавонед ин мақолаҳоро низ бихонед:
Раҳимова, М. Либоси миллӣ-арзиши миллӣ: Мақолаҳо оиди либосҳои миллӣ // Минбари халқ. – 2013. – 20 март.
Раҷабова, Д.Қ., Иброҳимов, М.Ф. Либоси миллии тоҷикон: таърих ва анъанаҳо // Мероси Ниёгон. – 2016. – №18. – С. 103-104.
Шодмон, С. Либоси миллӣ-шиносномаи миллат // Ҷумҳурият. – 2016. – 17 март.
Сафар, М. Либоси миллӣ эҳтироми он эҳтироми миллат низ ҳаст // Ҷумҳурият. – 2016. – 4 август.
Саидаҳмад, Ҳ. Либоси миллӣ-рукни муҳими фарҳанги миллӣ // Илм ва ҳаёт. – 2017. – №4. – С. 7-9.
Абдуқаҳхор, А. Либоси миллӣ-мубалиғи симои миллат // Баҳори Аҷам. – 2017. – 7 июн; Чархи гардун. – 2017. – 12 июл.
Хидирзода, М. Ҳикмати либоси миллиро бояд шинохт: Нақши занону модарон дар раванди арзишҳои миллию фарҳангӣ ва либоси миллӣ // Дин ва ҷомеа. – 2017. – №8. – С. 14-15.
Насрулло, К. «… Тарки ному либоси миллӣ на исломро ғанитар мекунаду на моро мусулмонтар…»: Оиди фарҳанг ва либоси миллӣ // Дин ва ҷомеа. – 2017. – №8. – С. 16-18.
Комилзода, Ш., Зубайдӣ, А. ва диг. Ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем: Оиди фарҳанги либоси миллӣ // Минбари халқ. – 2017. – 2 август.
Комилзода, Ш., Зубайдӣ, А. ва диг. Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ: Оиди фарҳанги либосҳои миллӣ // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 3 август.
Ҳасанова, О. Пироҳани тоҷикӣ зеботар аст: Оид ба либосҳои миллӣ // Набзи Қурғонтеппа. – 2017. – 22 август.
Холова, И. Ба фарҳанги миллӣ арҷ гузорем: Дар бораи либоси миллӣ // Набзи Қурғонтеппа. – 2017. – 22 август.
Аъзами, Х. Либоси миллӣ-рукни ҳуввияти миллӣ // Ҳақиқати Суғд. – 2017. – 12 сентябр.
Салим, М. Либоси миллӣ-муаррифгари фарҳанг: Суҳбати Нозукбибии Темур бо нависандаи шинохтаи тоҷик Маҷид Салим // Мароми пойтахт. – 2017. – 20 сентябр.
Амрохон, Ф. (Фарангис) Либоси миллӣ-шохае аз фарҳанги миллат // Субҳи Шаҳритуз. – 2017. – 22 сентябр.
Бобоева, Г. Либос-нишони фарҳанги воло: Оиди либоси миллӣ // Насими Исфара. – 2017. – 4 октябр.
Давлатов, И. Тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии сару либоси ба фарҳанги мо бегона // Мавҷи Хингоб. – 2017. – №11. – ноябр.
Нуъмонзода, М. Аз либоси миллӣ ифтихор мебояд // Садои мардум. – 2018. – 13 январ.
Шамсиддинзода, Ҳ. Либос-ифодагари фарҳанги миллист: Оиди либоси миллӣ // Мароми пойтахт. – 2018. – 17 январ.
Шукруллозода, Д. Либоси миллӣ ҷузъи худшиносии миллист: Оиди корҳои фаҳмондадиҳии масъулони ноҳияи Бохтар оиди либоси миллӣ // Ҷумҳурият. – 2018. – 18 январ.
Мирзоева, Р. Ҷомаи миллиро муаррифӣ мебояд: Либоси миллӣ // Садои мардум. – 2018. – 23 январ.
Саидзода, Ҷ. Либоси миллӣ ва фарҳанги либоспўшӣ: Доир ба эҳтиром гузоштани либоси миллӣ ва фарҳанги миллӣ // Шуғл ва муҳоҷират. – 2018. – 2 феврал.
Ҳомид, Ҳ. Либоси миллӣ ифтихори миллист // Ҷумҳурият. – 2018. – 13 феврал.
Ватаншо, Г. Либоси миллӣ зеби миллат аст: Оид ба фарҳанги либоспўшӣ ва риояи он // Нақлиёт. – 2018. – 7 март.
Давлатова, Ҷ. Бояд нусхаи дигарон набошем: Мусоҳибаи Д. Мирзо бо мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикӣ Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бобати либоси миллӣ // Садои мардум. – 2018. – 8 март.
Ҳомид, Ҳ. Либоси миллӣ-рукни муҳими фарҳанги миллӣ: Доир ба либоспўшӣ ва либосҳои миллӣ // Бинокорон. – 2018. – 18 июл.
Қодирова, Ш. Рангинкамони пироҳани тоҷикӣ: Либос рукни чеҳрасози ҳар як миллат // Ҷумҳурият. – 2018. – 30 август.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ