Китоби нав ба Маркази такмили ихтисос
Нашр шуд 2018-11-29 12:36
Ба фонди Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Барномаҳои таълимии соҳаи китобдорӣ барои донишҷўёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00 «Китобдор, библиограф – омўзгор» ворид гардид, ки чунин бобҳоро дар бар мегирад:
«Муқаддимаи ихтисос», «Асосҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ», «Аснодшиносӣ», «Библиографияшиносӣ», «Феҳристҳои китобхона», «Педагогикаи китобдорӣ», «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо».
Китоб барои донишҷўёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00 таҳия гардидааст. Мураттиби китоб Б. Холов; Зери назари Ш. Тошев. Барнома бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти «Эҷод» чоп шудааст.
Ёдовар мешавем, ки фонди Маркази такмили ихтисос 338 нусха китобҳои тахассусиро дар бар мегирад, ки аз инҳо 273 нусха бо забони тоҷикӣ, 56 нусха бо забони русӣ ва 9 нусха маҷаллаи тоҷикӣ ба китобдорону муҳассилон, унвонҷўёну аспирантҳо дастрас аст.
Ҳоло дар Марказ дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии анъанавию электронӣ дар хизмати муштариён мебошад.